Аз шикояти сокинон то ронандагони маст дар Душанбе

Давоми 9 моҳи соли 2021 аз ҷониби ронандагони воситаҳои нақлиёти мусофирбар 29 садама ба қайд гирифта шудааст. Дар натиҷа 4 нафар ба ҳалокат расида, 31 нафар ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. 

Ин нуктаро сардори  Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода зимни як ҷаласа, ки дар он масъулини соҳаи нақлиёти шаҳри Душанбе иштирок доштаанд, изҳори нигаронӣ намуд.

Маркази матбуоти РВКД дар Душанбе иттилоъ медиҳад, ки генерал-лейтенанти милитсия Шариф Назарзода доир ба вазъи вайронннамоии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аз ҷониби ронандагони нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ, аз ҷумла ширкатҳои кироякаш (таксӣ), пешгирии садаманокӣ, аз байн бурдани камбудиҳои ҷойдошта дар самти нақлиёти мусофиркашони ҷамъиятӣ бо овардани факту рақамҳои дақиқ ошкоро сухан кард.

Сардори мақомоти милитсияи шаҳри Душанбе Назарзода Шариф яке аз мушкилоти ташвишоварро гуфтааст, ки баъзе ронандагони нақлиёти мусофиркаши таксӣ дар ҳолати мастӣ махсусан сархушӣ аз воситаҳои нашъадор пушти чамбараки автомашина нишаста, садамаҳои нақлиётиро содир намудаанд, ки воқеан боиси нигаронист. Чунончӣ, дар ин давра аз ҷониби ронандагони нақлиёти кироякаш (таксӣ) 6 далели дар ҳолати мастӣ ва 18 далели зери таъсири воситаҳои нашъадор идора намудани воситаи нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки зимнан ҳангоми идораи воситаи нақлиёт ронандагон ҳаёти худ ва мусофиронро зери хатар гузоштаанд.

Шариф Назарзода таъкид намудааст, ки солҳои охир бо ташаббусу иқдомҳои бунёдкоронаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе инфрасохтори соҳаи нақлиётӣ дар пойтахти кишвар рӯ ба тараққӣ ниҳода, рӯз то рӯз беҳтар ва сатҳу сифати хизматрасонии нақлиёти хубтар гардида истодааст.

Бо вуҷуди тадбирҳои дар ин самт андешидашуда, ҳанӯз ҳам камбудию норасогиҳо дар хизматрасонии нақлиётӣ ва риоя нагардидани талаботи меъёрҳои муқарраргардидаи хизматрасонии нақлиёти мусофиркашонӣ ҷой доранд.

Махсусан надоштани либоси ягона, дағалона вайрон намудани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, берун аз истгоҳҳои нақлиёти ҷамъиятӣ таваққуф кардану бо дарҳои кушода идора намудани воситаҳои нақлиёти маршрутӣ, зиёда аз меъёр савор намудани мусофирон, махсусан муносибату рафтори дағалонаи баъзе аз ронандагон бо мусофирон, дар ҳолати мастию сархушӣ аз истеъмоли воситаҳои нашъадор ба фаъолияти мусофиркашонӣ машғул гардидан ва дигар камбудиҳо ҷой доранд, ки боиси сар задани садамаҳои нақлиётӣ ва халалдор гардидани натиҷаҳои ба дастоварда гаштаанд.

Дар ҷаласа таъкид гардид, ки таҳлилу омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки сабабҳои асосии чунин сурат гирифтани вазъ, ин аз ҷониби масъулин ва роҳбарони ширкатҳои мусофиркашонӣ набудани назорати доимӣ аз рӯи фаъолияти ҳаракати воситаҳои нақлиёти мусофиркашонӣ дар кӯчаю роҳҳои шаҳри Душанбе мебошад.

Гуфтори дағалона, то охири масири ҳаракат интиқол надодани мусофирон, гаппартоиву суханони ноҷо ва рафтори нописанд нисбати мусофирон ва амсоли ин амалҳои ғайриинсонӣ аз ҷониби баъзе аз ронандагону кондукторони автомашинаҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ мебошад, ки ин ҳолат ҳам сардори мақомоти милитсияи Душанберо ба изтироб овардаст.

Маҳз ҳамин ҳолатҳо боиси норозигии мусофирон ва муроҷиати онҳо тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ мегардад.

Роҳбарияти Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе ба роҳбарони корхонаю ширкатҳои мусофиркашонии пойтахт, ронандагони автомашинаҳои мусофиркашони ҷамъиятӣ ва дигар масъулини соҳаи хизматрасонии нақлиётӣ даъват ба амал овардааст, ки ҳангоми фаъолияти корӣ ҳолати омодагии техникӣ, тозагии воситаҳои нақлиёти мусофиркаш зери назорати қатъӣ гирифта шуда, риояи одоби шаҳрдорӣ, баланд бардоштани сатҳи маданияти ронандагон, беҳтар намудани муносибату муоширати онҳо бо мусофирон ва берун аз истгоҳ таваққуф намудану аз меъёри муқарраршуда зиёд савор намудани мусофирон пешгирӣ карда шавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *