Кӯлоб 41 миллион қарзи мушкилситон дорад

Бақияи қарзи андоз дар шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлон ба зиёда аз 16 миллиону 300 ҳазор сомонӣ расидааст. Ин дар ҳолест, ки ба аввали соли 2021 қарз андаке бештар аз 17 миллиону 540 ҳазор сомониро ташкил мекардааст.

Фарух Раҳматуллоев, муовини сардори нозироти андози шаҳри Кӯлоб гуфт, давоми соли ҷорӣ, аз бақияи қарзи андоз 1 миллиону 235 ҳазор сомонӣ кам карда шудааст. Ӯ мегӯяд, то охири сол имкон дорем, ки бақияи қарзи андозро боз ҳам кам кунем.

Ҳамсуҳбати мо гуфт, мутаассифона, қарзи мушкилситони андоз дар шаҳр ба 41 миллион сомонӣ расидааст. Ин қарз аз солҳои пеш аст, гуфт ӯ ва илова кард, ки ба руйхати қарздорон ҷамъиятҳое дохиланд, ки не роҳбар доранд ва на фаъолият мекунанд.

Фарух Раҳматуллоев гуфт, рӯёнидани қарзи мушкилситони андоз қариб, ки имкон надоранд. Пайдо кардани роҳбарони корхонаҳое, ки қарздоранд, мушкил аст. Бо вуҷуди ин он корхонаҳое, ки дар рӯйхати ин гуна қарздорон шомиланд, фаъолит намекунанд.
Машраби Аловиддин

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *