Фош мегӯям, дар Кӯлоб сар кафад ҳам, зери тоқӣ

Вақте қарорҳои суд иҷро намешаванд

Сардори идораи беҳдошти замину обёрии минтақаи Кӯлоб А. Маҳсиддинов қарздориашонро аз ҳисоби музди меҳнат, андоз, барқ аз рақами 31 миллион сомонӣ боло арзёбӣ кард ва боз афзуд, ки худи онҳо қарзҳои ҳаққи хизматрасониашонро ба шумули қариб 14 миллион сомонӣ гирифта наметавонанд. Дар ин бобат ноҳияҳои Фархор, Восеъ, Данғара «пешсафанд».

Маълум шуд, ки барои рӯёндани ҳақи ҳалолашон идораи минтақавии беҳдошти замин ва обёрӣ барои бозпас гирифтани 6 миллион сомонии қарзҳояшон ба суди иқтисодии вилояти Хатлон муроҷиат кардаанд. Аммо то ҳол ягон дилбаумедӣ, натиҷаи ниҳоие нест. Пас, чунин мақомоти ҳифзи ҳуқуқи бефаъолият ба дарди кадом ҷомеа бармехӯранд?

 Таърихро таҳриф накунем

Коллеҷи санъати шаҳри Кӯлоб зодаи замони истиқлол аст. Вале пояҳои бунёдии он аз соли 1989 ҳангоми филиали мактаби ҷумҳуриявии мусиқии шаҳри Душанбе гузошта шудааст. Яъне, имрӯз он таърихи 32 сола дорад. Агар ҳоло дар он беш аз 300 нафар аз руи 12 ихтисос касбу ҳунар омӯзанд, ба мо рӯзноманигорон он чиз равшан нагардид, ки дар солҳои мавҷудияташ коллеҷи мазкурро чанд нафар хатм кардаанд. Пурсида шуд, ки агар фардо 40-50 солагии коллеҷро таҷлил кунанд, масъулин чи гуна таърихашонро варақгардон мекунанд? Масъулин чунин иброз доштанд: «ин пандемияи коронавирус хеле хавфноку инсонкуш аст. Оё мо ба он рӯзҳо мерасем ё не?»

Нишасти булаҷаб

Аз ҳама нишасти матбуотии ҳайратангез дар шӯъбаи минтақавии  Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании Кӯлоб доир шуд. Роҳбари он полковник шахси чорпаҳлую овозбаланд Саидзода Абубакр Саид ба шуру мағал сухан мекарду ба рӯзноманигорон имкони саволу пурсише намедод. Ҳатто журналистҳоро болои курсию мизҳои пургарду чанги толоре шинонда, ба онҳо нусхаҳои маълумотномаашро пешниҳод накард. Ҳатто сабабҳои бе воситаю техникаҳои зарурӣ надоштанашон, бесалоҳиятиашон дар вақти муайянкунии фоизи вайронкориҳои офатҳои табиӣ, тақдири 603 аризаи муроҷиаткунандагон ҳарфе нагуфт. Ҳисоботи ӯ танҳо дар доираи мавзеъҳои селзадаи шаҳри Кӯлоб маҳдуд гардид. Дигар шаҳру ноҳияҳои минтақа «фаромӯш» шуданд.

Барои волоияти қонун

Дар вақти нишасти матбуотӣ дар прокуратураи вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб, суди минтақавӣ диққати журналистонро ба ду масъалаи доғи рӯз бештар ба худ ҷалб кард. Аввалан, зиёдшавии худкушии одамон ва боз ба таври пинҳонӣ фаъолият кардани аъзои ташкилоти мамнуъи террористии ҲНИ, гурӯҳу ҳаракатҳои салафӣ.

Зимни суханронӣ муовини раиси суди вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб И.С. Табарзода иброз намуд, ки дар давоми 6 моҳи соли ҷорӣ  26 ҳодисаи худкушӣ, сӯиқасд ба ҷон рух дода, 6 кори ҷиноятии наҳзатиёни собиқ, салафиён мавриди муҳокимаи судӣ қарор гирифтааст.

Ин рақамҳо бозгӯи онанд, ки бахшҳои зиёди мақомоти иҷроияи ҳукумати маҳаллии шаҳру ноҳияҳо дар байни аҳолӣ хеле ва хеле кам корҳои фаҳмондадиҳӣ, тарғиботӣ, маънавӣ мебаранд. Ҳисоботҳои онҳо ҷуз изофанависӣ, аз будааш зиёд нишон додани корҳояшон дигар чизе беш нест. Хеле хуб мебуд, ки доираҳои болои ҳукумати марказӣ бори дигар бефаъолиятӣ, каммаҳсулӣ, камтаъсирии амалҳои бахшҳои занон ва кор бо оила, ҷавонон, маънавиёт, дин, танзим, ҷамоатҳоро бо кадрҳои «дарозумрашон» бознигарӣ намоянд.

Нурулло Ҳасанов, рӯзноманигор 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *