Театр ба ҷойи сихкабоб

Бо хонумам ба тамошои намоишномаи “№13 D”-и Рэй Куни ба театри МХАТ ба номи А.П.Чехови шаҳри Маскав омадем. Фазои аҷиб… Намоишномаи ҳаҷвиро ки 3 соат тӯл кашид (бо 15 дақиқа антракт) тамошобинони пур аз толор хеле хуш пазируфтанд.

Дар сари ман бошад тӯфони андешаҳо…

Худ ба худ андеша мекардам, ки бале ин намоиш хуб аст… вале дар театрҳои кишвари азизи мо ҳам намоишҳои хуб хеле зиёд аст… Бале ин ҳунармандон хеле хуб кор мекунанд дар саҳна, вале ҳунармандони мо ҳам ҳеҷ кам нестанд ку аз инҳо…

Пас, гап сари чист? Гап сари тамошобини нозукфаҳму фарҳангӣ аст… Худ ба худ мулоҳиза мекардам… Тамошобине, ки мешиносад забони театрро… Мешиносад қадри ҳунарро… Дарк мекунад маънирову лаззат мебарад аз он…

Боз меандешидам, ки чаро театру кинову ҳунарманд дар Русияву Маскав бренд шудааст? Чаро қадри ҳунару ҳунарманд инҷо болост? Худ ба худ посух меҷустам…

Фикрҳое ҳам ба сарам омад, ки мардум маоши кам доранд… Шароити чиптахарӣ надоранд… Фикрашон банд аст ба зиндагӣ, вале… Пас чаро барои чойхона рафтан пул меёбанд? Пас чаро барои бурдани оилаашон барои сихкабоб пул меёбанд? Барои хӯрдан дар ошхонаҳо дар як моҳ аз 100 сомонӣ то ҳазорҳо сомонӣ пул пайдо мекунанд?!

Пас гап сари чист аз худ мепурсидаму мепурсидам дар рафти намоиши театри МХАТ-и ш.Маскав. Шояд ба ин суолҳо ҳар кас ҷавоби худашро дорад… Вале ман пас аз анҷоми намоишнома дар қатори тамошобинон рост истода ба ҳунармандони рус сидқан қаф мекӯфтаму як орзу кардам. Орзу кардам, ки эй кош, дар кишвари азизи мо қимату нархи ҳунармандони театру кино аз ошпазу сихкабобпаз боло шавад. Эй кош, нархи як чиптаи театру кино ақалан аз панҷ порс оши палаву 5 сих сихкабоб боло бошад. Эй кош, ҳаққи кории якрӯзаи ҳунарпеша аз ҳаққи кории якрӯзаи  ошпазу хиштрезу сохтмончӣ ақалан панҷ маротиба зиёд бошад. Эй кош, барои мардону занони тоҷик бо аҳли оилаи худ ба театру кинотеатр рафтан баобрӯйтарин кор ва ифтихор бошад… Эй кош…

Муҳиддини Музаффар, режиссёр

P.S.: Нархи як чиптаи намоишҳои театрҳои Маскав аз 2 то 40000 рубл аст. Имрӯз нархи як чиптаи намоиши “№ 13D” -и МХАТ 3800 рубл буд. Яъне 608 сомонӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *