Исфандиёр Ғуломов: Дар театр аввалин нақшам шоҳдухтар буд!

Ин суҳбат тӯл кашид. Замоне оғоз шуд, ки ҳунарманди маъруф Исфандиёр Ғуломов намоиши навро тамрин мекарданд. Ва якбора бемор шуданду посухи чанд суол чанд моҳ тӯл кашид. Интизор шудам, то шифои комил ёбанд. Ҳоло шукри Худованд ба тамом шифо ёфтанду сари коранд. Ва шояд бори аввал аст, ки маэстро муфассал дар бораи хонавода, ишқи аввалу охир, аввалин нақшҳо дар синамову театр ба доираи васеи мухлисон нақл мекунанд.

Ман хушбахтам!

-Аз хонавода бигӯед. Кистанд ва чӣ кора?

— Ҳамсарам Бону ном дорад, хатмкардаи риштаи забони фаронсавии донишкадаи забонҳо. Пас аз хатми он дар китобхонаи Фирдавсӣ, шуъбаи адабиёти хориҷӣ кор мекард. Рӯзе барои вохӯрӣ ба ҷои кораш рафтам, дидам нест. Як ҳамкораш пурсид чӣ лозим доред? Надонистам чӣ бигӯям, гуфтам, ки феҳристи форсӣ куҷост? Бону номи форсиро шуниду баромад. Гуфтам ба шумо кор дорам. Даступохӯрда шуду тааҷуб кард, ки чӣ тавр ман омадам, хеле интизор буд аз афташ. Гуфт пас аз 10 дақиқа соати корӣ ба анҷом мерасад. Ҳамин тавр аз китобхонаи Фирдавсӣ то Донишкадаи омӯзгорӣ аз ину он суҳбаткунон рафтем. Ва дар зимн гуфтам, ки ҳунармандон бадбахтанд, онҳо вақти филмбардорӣ моҳҳо банданд, дар хона нестанд. Соатҳои зиёди худро дар театр мегузаронанд. Мабодо пушаймон нашавед. Ӯ ба издивоҷ розӣ шуд. Худоро шукр, ки 49 сол бо ҳам зиндагӣ дорем ва дар ин муддат ягон маротиба ба ҳамдигар ҳарфи бад нагуфтем. Аз ин лиҳоз хеле хушбахтам.

Исфандиёр Гуломов: Не жалею, что стал актёром | Новости Таджикистана  ASIA-Plus

— Чӣ гуна бо ҳам ошно шудед?

— Мо ҳар рӯз ҳамдигарро медидему салом дода мегузаштем. Соли 1971 нахустнамоиши филми «Қиссаи зиндони Павиак» шуд. Қарор буд ҳамроҳи Раҷаб Ҳусейнов  иштирок кунем. Тасодуфан ҳамон рӯз Бонуро вохӯрдам. Ӯро ба филм даъват кардам, ҳамроҳи ҷиянаш омад. Филм тамом шуду моро ба зиёфат даъват карданд. Вақте берун баромадам, дидам ки Бону ҳамроҳи ҷиянаш истодааст. Дер шуда буд. Соат 22: 30 ё 23. Ба акаи Раҷаб гуфтам номардӣ мешавад, даъват кардам, гусел накунам хуб намешавад.

Хуллас, ӯро ба хонааш расондам. Аз ҳамон вақт кам-кам вомехӯрдем. Бо машварати апаи Фотима ва Соҷида (рӯҳашон шод бод) соли 1971 издивоҷ кардем. Аз ин издивоҷ 3 фарзанд дорам. Фараҳбону, ки ҳоло бо шавҳараш дар Канада зиндагӣ мекунад. Духтари дуюмам Анӯш (исми модари ҳамсарам, ки арманист), бо шавҳару фарзандонаш дар кишвари Умон ба сар мебарад. Писарам Муҳаммадҳусейн. Ду фарзанд дорад.

— Ҳамсаратон арманист?

— Модараш арманӣ, падараш эронист. Падари ман эронист, модарам тоҷик.

«Қиссаи зиндони Павиак»

— Аввалин нақшатонро дар синамо ёд доред? Кадом  филм буду кай ва чӣ хотироте аз он доред?

— Дар почта посбон шуда кор мекардам. Соли чоруми таҳсил дар донишкада буд. Моҳи март, коргардони дувуми филми «Қиссаи зиндони Павиак» барои интихоби ҳунарпеша дар нақши Мансур Абдураҳимов ба Донишкадаи мо омад. Тасодуфан аз наздаш гузаштаму маро боздошт. Чун фаҳмид, ки дар бахши актёрӣ таҳсил мекунаму тоҷик ҳастам, гуфт: — Фардо ба «Мосфилм» биё, ба кастинг.

Дар санҷиш иҷрои саҳначаеро талаб карданд, онро бозӣ кардаму рафтам. Ҳеҷ умед надоштам, ки маро дар нақши асосӣ интихоб кунанд, чун қабл аз ман чандин кас дар кастинг ширкат карда, ноком шуданд. Рӯзе ба донишкада телеграмма омад, ки шумо тасдиқ шудед. Ҳайрон шудам, намедонистам хурсанд шавам ё не, бовар кунам ё на. Чунки муаллимонамон барои нақшофарӣ дар филмҳо иҷозат намедоданд. Профессори донишкадаи мо Бибиков мегуфт: «Синамо ҳунарпешаро вайрон мекунад, чун шумо он ҷо равед, ҳунарпешаҳои рус ҳатман ба шумо шароб медиҳанд ва шумо майзада мешавед. Набояд ба он ҷо рафт». Боз имтиҳонҳо дар пеш буд. Назди устод рафтаму гуфтам, ки маро ба филм даъват карданд.

—  Дигаронро иҷоза намедиҳам, аммо азобҳои туро медонам. Аз соли аввали донишҷӯӣ то ҳол кор мекунӣ, бисёр азоб кашидӣ. Аммо ту бояд шартномаро биёрӣ, ки бубинам, дастмузди хуб медиҳанд ё на. Агар маблағи хуб диҳанд, иҷозат, -гуфт Бибиков (механдад). Шартномаро овардам, тақрибан 2000 суми он замон буд. Соли 1970 ин пули хеле калон буд. Устод маблағи шартномаро дида, гуфт азизам ин барои ҳунарпешаи навкор хеле пули калон аст.

Тамоми имтиҳонҳоямро фаврӣ супоридаму  рафтам филмбардорӣ. Аввал шаҳри  Вилнюс, баъд шаҳри Каунас. Дар ин шаҳр конслагер буд. Филмбардорӣ дар зиндонҳо оғоз шуд. Ва ҳамин тавр аввалин нақшам дар синамо нақши асосӣ буд.

Гулямов Исфандиёр — таджикский актёр театра и кино - YouTube

Душвориҳои даври донишҷӯӣ

— Аз хотироти донишҷӯӣ бигӯед.

— Беҳтарин лаҳзаҳост донишҷӯӣ. Шумо аз саратон гузарондед, медонед. Гарчанд бароям душвор буд. Ду соли аввал хиёбонҳоро меруфтам, соли сеюм шабона телеграмма мекашондам. Тасаввур кунед, тамоми шаб хоб намерафтам, зеро телеграмаҳои фаврӣ мебурдам. Бештари он телеграммаҳо хабари бад медоданд: фалонӣ мурд, фалонӣ маъюб шуд.

Боре телеграма мебурдам, шумхабар дошт. Ягона писар ба модараш менавишт: Модар маро бо аробачаи маъюбӣ пешвоз гир. Пойҳои маро буриданд. Гуфтам худоё  ин хабарро чӣ хел мерасонам? Шамоли сахт буд, барф меборид. Зимистони яхбандон. Вақте аз ошёнаҳо ба боло мебаромадам, поям лағжиду мактубҳо аз дастам афтида, парешон шуданд. Аламам карду гиря кардам. Гуфтам дар Москав ҳама хобанд, Исфандиёр, ту чаро ин қадар ҷон меканӣ? Гиряву нола карда, омадам назди ронанда Ира Василевна. Ин ронанда ниҳоят зани хуб буд. Гуфт чӣ шуд? Чаро гиря мекунӣ? Гуфтам афтидаму барқияҳо пош хӯрданд, пайдо карда натавонистам. “Гиря накун, меравем, дубора чоп мекунанд”- гуфт. Рафтем он ҷо ин қиссаро ба пирзанҳо нақл кардам. Даррав қаҳваву хӯрданӣ оварданду гуфтанд бихӯр, баъд бирав. Ғамгин нашав, дар зиндагӣ ин гуна ҳолатҳо мешавад. Маро тасаллӣ доданд. Телеграмаро ба 19 ё 20-ум ошёна пиёда бурдам. Занг задам, касе дарро боз накард. Соат 3-4 –и шаб буд. Оқибат кист гуён садои асабиёнаи пирзане шунида шуд. Гуфтам хат овардам. Дарро боз накард, гуфт бихон. Гуфтам писаратон аз шумо хоҳиш кардааст, ки бо аробачаи маъюбӣ ӯро пешвоз гиред. Дарро кушоду дид, ки ман донишҷӯям. Ба ман нигоҳ кард, ки мегирям, маро оғуш карду чунон гирист, ки…  ман аз вай зиёдтар мегиристам. Гуфтам ором шавед, муҳим, ки ӯ зинда аст. Намедонистам дигар чӣ гӯям, чӣ тасаллӣ диҳам ин бечораро.

Хушбахтона, соли чоруми донишҷӯӣ кори сабуктар пайдо кардам, дар почта нигаҳбон кор мекардам. Пас аз дарс кор мекардам. Метавонистам каме бихобам, ҳарчанд ҳақ надоштам барои хоб кардан. 

Новости Таджикистана - Исфандиёр Гуломов: Не жалею, что стал актёром

Нақши шоҳдухтар ва баҳои Меҳрубон Назаров

— Дар театр аввалин нақшатон кадом буд?

 — “Мануки шикорчӣ”. Дар он  нақши шоҳдухтарро  бозидам. Аввал барои иҷрои ин нақш розӣ нашудам. Зеро ришам ниҳоят сахт аст, вақте риш мегирифтам, хун меомад. Вале касе аз имтиҳон нагузашту нақшро ба ман доданд.

Меҳрубон Назаров — ягона вазире, ки ҳамеша намоишҳоро тамошо мекард, барои қабули намоиш ба театр омада буд. Баъди намоиш эрод мегиранд, ки дар барнома ғалат навиштед, ки дар нақши шоҳдухтар Исфандиёр Ғуломов аст. Масафоев мегӯяд “иштибоҳ нест, шоҳдухтарро Исфандиёр Ғуломов бозӣ кард”. Вазир тааҷҷуб кард маро ба саҳна даъват кард. Либосҳои саҳнавиро иваз накарда, бо мӯйҳои дарозу пардоз ба саҳна баргаштам. Гуфтанд: “Канӣ бо садои худат гап зан”. Чанд ҳарф гуфтам.  “Э офарин”-, гуфта Меҳрубон назарович маро тавсиф карданд. Ин бароям баҳои баланд буд. Бо ин намоиш тамоми Тоҷикистонро гаштем. Касе бовар намекард, ки нақши занро ман бозӣ кардам.

— Чаро аз театри Лоҳутӣ рафтед?

— Пас аз рафтани Масафоев мо ба рукуд рафтем. Коргардонҳо намегузоштанд филмбардорӣ равам. Ҳамсабақ ва дӯстам Зафар Ҷаводов гуфт, ки Исфандиёр ба театри ман биё, ҳар рӯз метавонӣ филмбардорӣ равӣ. Вақти бештарам бо филмбардорӣ мегузашт. Пас аз филми “Қиссаи зиндони Павиак” бисёр коргардонҳо телеграмаҳо фиристода, маро ба филмҳояшон даъват мекарданд. Афсӯс, ки телеграмаҳо ба дастам намерасид. Саркоргардони театр иҷоза намедод, чун дар намоишҳо банд будам.

Самбӯсаи мо хом монд…

— Муҳити театр аз синамо бо чӣ фарқ мекунад?

—  Синамо экрани кушод аст, милионҳо одамон шуморо мебинанд. Синамо санъати бузург аст. Имконият аст. Бисёр дӯстонам қисса карданд, ки “Қиссаи зиндони Павиак”-ро дар Лаҳистон бо забони лаҳистонӣ, дар Олмон бо забони олмонӣ дидаанд. Бароям ифтихорофарин буд, ки филми “Тоҷикфилм” дар тамоми давлатҳо паҳн шудааст.

— Оё бароятон замони тӯлонӣ лозим аст, ки  дар пусти қаҳрамонатон дароед?

— Муҳити театр аз синамо фарқ дорад. Иқрор мешавам, рӯзҳои аввал сахт буд. Охир актёр ҳам ҳис мекунад, ки камера аз кадом нуқта мегирад, ту саъй мекунӣ, ки бештар ҳамон камераро ҳис кунӣ. Медонед, бозигар набояд аз муҳити гирифтани филм, фарз кардем, ана ҳамин хона аз ҳамин чаҳорчӯба берун барояд. Баромадӣ, аз  навор берун мешавӣ. Дар ҳамин муҳити кӯчак шумо бояд нақшатонро бозӣ кунед. Дар илми синамо намои баста (крупный план), намои боз (общий план), намои миёна (средний план) ҳаст. Масалан агар шуморо бо намои баста бигиранд, дар ин мавридҳо ҳаракати зиёд лозим нест. Танҳо чашмонатон бояд маънӣ дошта бошанд, ки ҳолатро дода тавонад. Хушбахтона, бо мурури вақт кам-кам пеш рафтем.

— Театр барои шумо чист?

— Театр ватанам аст. Театр ойинаи зиндагист, ки мардум меоянд як лаҳзаи ҳаётро мебинанд. Дар «Ромкунии духтар саркаш» аз рӯи асари Шекспир пирмардеро бозӣ мекардам, ки мехоҳад духтари аз худаш хеле  ҷавонро ба занӣ гирад. Пас аз анҷоми намоиш як корманди сохтори қудратӣ омаду гуфт, медонед, шумо нақши бобои маро бозӣ кардед. Бобоям 90 сола буд, мехост зан бигирад, духтари  25 соларо. Пурсидам ҷиддӣ мегӯед? Гуфт бале, ба Худо рост мегӯям. Пурсидам издивоҷ кард? Бале, розӣ кунондем духтарро. Баъд аз 3 соли издивоҷ бобоям мурд, гуфт он бинанда (механдад). Гуфтам бобоятон ба орзуяш расид. Ман дар нақш ба орзуям нарасидам. Дар намоиш мегӯям, ин самбӯсаи мо хом монд, яъне дар намоиш ба орзуям нарасидам.

-Синамо ба Шумо чӣ дод?

— Синамо маро ҳамчун ҳунарпеша на танҳо ба бинандаи тоҷик, балки берун аз марзи Тоҷикистон муаррифӣ кард.

Фазилатҳои Борис Бибиков

-Аз устодатон Борис Бибиков зиёд ёд мекунед. Чӣ гуна инсон буданд?

-Меҳрубон буданд. Дар «Ҳалокати умед» пирмард Кобусро бозӣ мекардам. Ба хотири нақш сарамро тарошидам. Бадбахтона, дар хобгоҳ кулоҳамро дуздиданд. Сарамро латтапеч карда дарс омадам. Борис Владимирович Бибиков, ки чашмаш хира медид, нигоҳ карду пурсид, ки он ҷо кӣ нишаста аст? Гуфтам устод манам Ғуломов. Бо худат чӣ кор кардӣ, азизам? Бачаҳо гуфтанд кулоҳашро дуздиданд. Гуфтам, ба хотири нақш муйҳоямро қурбон кардам.

– Охир фасли зимистон аст, писарам, дар ин сармо чӣ гуна мегардӣ? Ба хамсараш Олга Ивановна Пижова гуфт, ки шумо дарсро идома бидиҳед, ҳозир бармегардам. Рафта аз хонааш кулоҳи худашро оварду ба сарам  пӯшонд. Ҳамин гуна муаллимони хайрхоҳ доштем, моро дӯст медоштанд, равоншинос буданд. Фарз кардем агар гурусна дарс меомадем, номаълум, ки дигарон нафаҳманд дар киссамон пул меандохтанду мегуфтанд зуд рафта чебурек хурда ба дарс биё.

Мо давида рафта ягон чӣ мехӯрдему меомадем. Боре Мирзо Турсунзода ҳамроҳи Меҳрубон Назаров, Сотим Улуғзода ва Ғаффор Валаматзода ба донишкадаи мо омаданд. Борис Владимирович гуфтанд: “Фарзандони шумо дар ин ҷо азоб мекашанд, гуруснаанд, наход ҷумҳурии шумо онҳоро таъмин карда натавонад?” ва як-як ба мо ишора карданд: Ғуломов дар куҷо кор мекунӣ?  Шабона телеграмма мекашонам! Розиқов ту куҷо кор мекунӣ? Роҳ мерубам! Мамадиев ту дар куҷо кор мекунӣ? Нигаҳбон…

Сипас ба намояндагони Тоҷикистон рӯй оварда гуфт: “Дидед? Онҳо ин ҷо дарсхонӣ омаданд, вале кор мекунанд. Идрорпулии ночиз мегиранд, 25 суму 60 тин”.

Онҳо хеле сурху сафед шуданду гуфтанд, ки кӯшиш мекунем, ки кӯмак намоем. Се моҳ ба мо 15 сумӣ равон карданд (механад). Баъд аз он кумакашон қатъ шуд… 

Насиҳати падари мусофир

— Аз падар чӣ хотира доред?

— Падарам шахси хеле бомаърифат буданд, ҳамеша китоб мехонданд. Мегуфтанд, ки азбаскӣ ин ҷо ягон хешу табор надорам, мехоҳам шумо инсонҳои хуб шавед. Насиҳати падарамро гӯш мекардем, чунки мусофир буданд ин ҷо.

— Чӣ тавр падаратон аз Эрон ба Тоҷикистон омаданду дар ин ҷо  мустақар шуданд?

— Падарам ошиқи духтаре мешаванд, бениҳоят якдигарро дӯст медоштанд. Чун хеле ҷавон буданд, падари духтар ризоият намедиҳад. Падарам қаҳр карда, шабона аспсавор аз деҳи Искил наздики шаҳри Зобул то Машҳад меравад. 2 сол сарбоз мешавад. Дере нагузашта ба  ҳамроҳи Абулқосим Лоҳутӣ ва дигар генералҳо дар бораи сотсиализм ва шӯравӣ гап мезананд, мегӯянд чӣ давлати хуб аст на шоҳ аст на гадо. Хуб мешуд мо ҳам чунин давлате дошта бошем. Таблиғот мебаранд. Падарам аъзои ягон ҳизб набуд, фармонбардор буд. Ҷанг мекунанд, чандин шаҳрҳоро мегиранд. Шоҳи Эрон тарсида, аз шоҳи Англия кӯмак мехоҳад. Давлати Англия чандин ҳавопаймоҳои ҳарбӣ мефиристад ва падарамро низ қатори дигарон таъқиб мекунанд. Инҳо ақибнишинӣ мекунанд. Лоҳутӣ ба Сталин нома менависад, ки чӣ кор кунем. Сталин мегӯяд,ки ба Шӯравӣ биёед, мо барои сарнагун кардани шоҳ аслиҳа медиҳем. Лоҳутӣ аз тариқи Боку, падарам ва чандин нафар аз марзи Ишқобод мегузаранд. 73 нафар буданд, ки савод доштанд, донишгоҳ ва омӯзишгоҳ хонда буданд. Онҳоро Точикистон мефиристанд. Аз ҷумла, падарамро. Онҳо дар СКА, радио телевизион, мактабҳо кор мекарданд. Чанд сол бо босмачиҳо ҷангиданд. Падарам старшина буданд. Нусратулло Махсум ба падарам мегӯянд, ки  Ҳасани Ғулом шумо бояд мактаб кушоед ва ба мардум савод омӯзед. Падарам мардумро ҷамъ мекунанд ва ҳашар карда, мактаб боз мекунад ба бачаҳо дарс меомӯзонад. Он вақт босмачиҳо муаллимонро қатл мекарданд. Аз паи падарам мешаванд. Падарам нақл мекунанд, ки маҷбур будам шабро дар туғайзор бо як аслиҳаи панҷтира рӯз кунам, саҳар меомадам дарс медодам. Як мавриде буд, босмачиҳо омаданду деҳаро гирифтанд, занҳо падарамро байни тахти курпаҳо  пинҳон карданд. Кофтанд, касеро пайдо накарданд. Занҳо гиря мекарданд, гӯё касе мурдааст. Босмачиҳо ҳам нафаҳмиданд. Аспи падарамро гирифта рафтанд.

Азобҳои “Гирдбод”

— Ҳунар аз худ гузаштан аст. Шумо чиро қурбон кардед?

— Ҳамаро. Аз худам гузаштам. Масалан, дар филми «Гирдбод»-и коргардон Бақо Содиқ, ки дар он нақши шоирро мебозидам, ду лаҳзаи хатарноке буд, ки бояд онро каскадёр иҷро мекард. Ба Бақо Содиқ пешниҳод кардам, ки худам иҷро мекунам. Директори филм аз ман забонхат хост (яъне агар бо ман чизе шуд, ӯ ҷавобгар нест) ва ман навиштам.

Дар филм ду лаҳзаи хатарнок ҳаст. Яке шоирро аз ду пояш сарозер баста аз болои пул ба рудхона овезон кардан ва саҳнаи дуввум шоирро байни ду куҳ овезон карданд.

Бовар мекунед, ҳеч фикр намекардам, ки оби Зарафшон ин қадар сард аст. Баъд аз он ки маро ба об сарозер карда, берун кашиданд, муддати тӯлонӣ ҳарф зада наметавонистам.

— Фикр намекардед то ин ҳад сахт аст ба ҷои каскадёр низ нақшофарӣ кардан?

— Бале (механдад), албатта.  Саҳнаҳое, ки дар «Белорусфилм» ва дигар филмҳо ё аз асп меафтидам ё аз поям ба сутун овезон мекарданд ва ман сураи «Алҳамд»-ро мехондам, душвор буданд. Дар филми «Сарҳади давлатӣ» қисми 4-ум низ азобҳо кашидам. Вале дар филми «Гирдбод» бештар азоб кашидам. Барои нақши каскадёрро низ иҷро карданам 14 рубл гонорар доданд. Гуфтанд, ин корро бо ихтиёри худат кардӣ.

— Боре дар суҳбате гуфтед, ки дар хона пайваста ба варзиш машғул мешавед ва ҳар рӯз вазнбардорӣ мекунед. Коре, ки аксари ҷавонон худро ба он саргарм намекунанд. 

— Бале, вазнбардориро дӯст медораму пайваста машқ мекунам. Дигар абзори варзишӣ низ дорам. Агар аз филмбардорӣ, тамрин дар театр, сафарҳои ҳунарӣ хаста шавам, тамрин намекунам. Аммо имрӯз машқ кардам (механдад).

Суҳбати

Раҳима Аъзам

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *