шарҳи матбуот

Аз сипаҳсолори боғи сухан Шарифи Ҳамдампур то таъмини амнияти иттилоотӣ

Чун охири ҳафтаи равон, 11-уми март Рӯзи матбуоти тоҷик аст, нашрияҳои кишвар ба баррасии самтҳои мухталифи журналистикаи тоҷик моил гардидаанд.

Ҳафтаномаи “Фараж” дар шумораи ин ҳафтаи худ қисмати бештари саҳифаҳояшро ба Рӯзи матбуоти тоҷик бахшида, аз ҷумла матлаберо бо номи “Қаламкашони сарзамини эъҷозҳо”, ё чанд гуфтание дар боби сипаҳсолори боғи сухан Шарифи Ҳамдампур” ба нашр расонидааст. Муаллифи матлаб Наҷмиддини Шоҳинбод бо овардани далелҳои қотеъ баъзе давраҳои фаъолияти матбуоти тоҷикро таҳлил намуда, аз ҷумла менависад: «Шарифҷон тиҷорати иттилоотро аз ташкили сохторҳои ибтидоии матбуот сар кард. Ӯ аввал бозори коғаз ва ранг, сипас пойгоҳи полиграфӣ ва баъдан бозори савдоро зина ба зина такмил дод. Хеле аҷиб аст, ки он чиро идораи “Тоҷикматбуот” (“Союзпечат”) дар 56 сол сохта буд, мисли девори Берлин дар ним рӯз фурӯ рехт. Бино не, дӯкон не, шабакаи том барҳам хӯрд. Ташаббусро кампиракҳои кӯча ба даст гирифта, сари кӯчаҳо, бозорҳо, роҳравҳо матбуоти даврӣ мефурӯхтанд. Шарифҷон сараввал кампиракҳоро барои тиҷорати худ кор ёд дод. Сипас бо маслиҳати шаҳрдорон ҷой ва макони фурӯши онҳоро аниқ кард. Сипас аз ду то 37 дӯкони “Тоҷикматбуот»-ро аз нав барқарор кард”.

— Боз аз як паҳлуи шуҷоату мардонагии Шарифҷон Ҳамдамович чашм пӯшида наметавонам. Ӯ нахустин бор чоп ва обунаи фосилавии матбуоти хориҷӣ, бахусус Россияро дар Тоҷикистон роҳандозӣ намуд. Фазои иттилотии кишвар рангин ва ғанӣ гардид. Ҳамзамон тавассути ин лоиҳа дастовардҳои Тоҷикистон ба ҷаҳони васеъ муаррифӣ мешуданд. Боре як нашрияи серхаридори Россия мақолаи таҳқиромезро нашр кард, Шарифҷон барои ҳифзи нангу номус ва ғурури миллӣ аз баҳри фоидаи тиҷоратӣ баромада, нашри онро манъ намуд,- меафзояд муаллиф.

Нашрияи мазкур инчунин мусоҳибаеро бо раиси Шӯрои ВАО-и Тоҷикистон Ҳуриннисо Ализода таҳти унвони “Ҳуриннисо Ализода: Журналистика “на сих сӯзад, на кабоб” нест!” чоп кардааст.

— Аз ҳама “жанр»-и маъмули журналистикаи имрӯзи мо тамаллуқ аст ва ин “жанр” моли соҳа нест. Ҳеҷ мумкин нест, ки фақат тарс дошта бошем, таъриф кунему дурӯғ нависем. Ҳар он чизе, ки журналисти ин замон менависад, то ба нашр, дар расонаи хусусӣ “қайчӣ”, дар давлатӣ бошад, аз “боло” назорат мешавад. Журналистика дар баробари чунин таърифҳои беасос, бояд аз дарду доғи мардум ва аз мушкилии ҷомеа нависад. Фарз кардем, агар дар як деҳаи дурдасти кишвар бунгоҳи тиббӣ нест ё то ба мактаб рафтани хонанда ӯ бояд 5-10 километр роҳро пиёда равад ва инро як журналист бояд расонаӣ кунад, то масъулин аз ин вазъ огоҳ гарданду мушкилии ҷойдоштаро ҳал намоянд. Пас гуноҳи журналист чист, ки зуд ба “рӯйхати сиёҳ” ворид мегардад? Ин вазъи доштаи журналистикаи тоҷик боиси нигаронист,- андеша рондааст раиси Шӯрои ВАО.

Ҳафтаномаи “Ҷавонони Тоҷикистон” бошад, вобаста ба шебу фарозҳо, вазъ ва дурнамои матбуоти тоҷик бо Сангин Гулов — устоди факултети журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон суҳбат ороставу онро таҳти унвони “Сангин Гулов: “Матбуот хеҷ гоҳ нодаркор набуд ва нахоҳад шуд” ба нашр расонидааст.

— Бисёриҳо бар он андешаанд, ки интернет ҷойи матбуоти чопиро мегирад, аммо ман ба ин андешаҳо чандон мувофиқ нестам. Зеро бо пайдоиши радио ва телевизион ҳам чунин ақидаҳо ба вуҷуд омада буданд, яъне дар ҳамон давра ҳам мегуфтанд, ки матбуот барҳам мехӯрад, аммо мо бояд андеша намоем, ки сухани чопӣ арзиши дигаре дорад. Имрӯз интернет фавриятро ба даст гирифтааст. Баъдан, на ҳама дастрасӣ ба интернетро дорад. Дар интернет, ки чанд сол пеш мақолаи худро гузоштаед, имрӯз ёфта наметавонед, аммо матбуот баъди ҳазор сол ба хубӣ дастрас мегардад. Ин бартарии сухани чопӣ аст. Сухане, ки дар интернет гуфта мешавад, чандон пойдор намемонад, имрӯз аз нигоҳи фаврӣ гуфта мешавад, ва фардо дигар онро ёфтан мушкил аст,- аз ҷумла гуфтааст Сангин Гулов.

Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” низ вобаста ба мавзуи мавриди назар мусоҳибаеро бо устоди собиқадори факултаи журналистикаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, профессор Аъзамҷон Азимов таҳти унвони “Аъзамҷон Азимов: Мушкил дар донишгоҳ не, дар мактаби миёна аст” ба нашр расонидааст.

Устоди донишгоҳ дар бораи заминаи таъсиси факултаи журналистика ва давраҳои рушди он сухан гуфта, дар охир зикр кардааст: “Ҳама шароитҳо муҳайё аст. Мушкили асосӣ дар он аст, ки таҳкурсии ҷавонони дохилшаванда ба мактабҳои олӣ суст аст. Базаи таълимии онҳо хеле нигаронкунанда аст. Дониши асосӣ дар мактаб бояд ташаккул ёбаду дар донишкадаву донишгоҳҳо тавқият дода шавад. Ба фикрам, он гоҳ мутахассиси варзида ба камол мерасад…”.

Ҳафтаномаи “Самак” бошад, мақолаи таҳлилии муаллими калони кафедраи матбуоти факултети журналистикаи ДМТ Қироншоҳ Шарифзодаро таҳти унвони “Нахустин рӯзномаи тоҷикӣ” ба нашр расонидааст.

Зимнан, рӯзномаи “Садои мардум” мақолаи муфассали таҳлилиеро бо номи “Асосҳои ҳуқуқии таъмини амнияти иттилоотӣ” ба нашр расонида, аз ҷумла навиштааст: “Амнияти иттилоотӣ, ки дар ҷаҳони муосир моҳияти он рӯзафзун гардидааст, маҷмӯи чорабиниҳои мушаххаси ҳифзи муҳити иттилоотонии ҷомеа ва шахсони алоҳида буда, раванди дурусту қонунии бо он таъмин кардани аҳолӣ ба бехатарии фаъолияти технологияи навини иттилоотӣ вобастагӣ дорад. Муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма», «Дар бораи иттилоотонӣ», «Дар бораи алоқаи барқӣ», «Дар бораи ҳуҷҷати электронӣ», «Дар бораи иттилоот», «Дар бораи ҳифзи иттилоот», «Дар бораи сирри давлатӣ», «Дар бораи имзои электронии рақамӣ». Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Консепсияи ташаккули ҳукумати электронӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2012 — 2020», «Стратегияи давлатии технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ барои рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Барномаи давлатии рушд ва татбиқи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон», «Консепсияи сиёсати давлатии иттилоотии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба ин масъала дахл доранд”.

Шарҳи матбуоти кишварро ҳар ҳафта қисмати аввали рӯзи ҷумъа дар сомонаи Pressa.tj интизор шавед!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *