Оила

Дар шумораи №10-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Таҳти рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Хайрият зани дуюм нашудам”, “Хушдоманам моро оилавайрон мекунад”, “Ҳаёти писарамро сӯхтам” мутолиа намуда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа таҳти унвони “Аз паси унвон намедавам” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро бо ҳунарпешаи Театри давлатии ҷавонони Тоҷикистон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов Зарина Бадалова мутолиа карда метавонед.

Қиссаи “Аввал ғарқам кардию баъд наҷотам додӣ” сарнавишти духтарест, ки бо ҳамсинфаш муносибати маҳрамона мекунад, вале волидонаш ӯро бо писари аммааш оиладор менамоянд. Оқибат доманбохта будани арӯс фош мегардаду духтар шармандавор аз хонаи бахти худ ронда мешавад. Гардиши қисмат ин духтарро ба кишвари рус бурда, ба доми зани духтарфурӯш меафтад, вале аз ин вартаи бало бо кумаки ҳамон ҳамсинфаш халос мешавад.

Дар саҳифаи 4-уми ҳафтанома зери рубрикаи “Оила ва ислом” ба саволҳои хонандагон дар мавзуҳои динӣ посухи кӯтоҳ дода шудааст. Дар қисмати дигари саҳифа хобномаи исломиро таҳти унвони “Заминҷунбӣ дар хоб чӣ таъбир дорад?” мутолиа намоед.

“Ангуштарин” боз як қиссаи аҷибест, ки занону духтарони ҷавонро ба сабру таҳаммул ва дурандешӣ даъват мекунад.

Дар қиссаи “Ошиқи зани аз худам 15 сол калон шудам” сарнавишти марде рӯи қалам оварда шудааст, ки ба зани аз худаш нисбатан калонсол ошиқ шудаасту оиладор шудан мехоҳад, вале зан ба ин издивоҷ розӣ нест.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз “Ишқ”-и Нигина Амонқулова то пайроҳаи духтари тоҷик дар Олмон” мутолиа намоед.

Дар саҳифаи “Аз рӯзгори ситораҳо” таҳти унвони “Маро Юлдузи тоҷикӣ мегӯянд” мусоҳибаи хабарнигори ҳафтаномаро дар суҳбати рӯ ба рӯ мутолиа намоед.

Зери рубрикаи “Солимӣ” таҳти унвони “5 бемории паҳншудаи занона” маводи тиббиро дар боби бемориҳои занона ва барои пешгирӣ намудани онҳо маслиҳатҳои судмандро мутолиа намоед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *