Аз таҳти дил бихандед!
Шиква
Зане ба дугонааш арзи дил мекунад:
— Фотима, тасаввур мекунӣ, ман аксамро ба маҳфили “Нафарони танҳо” фиристодам.
Фотима мегӯяд:
— Хайр, чӣ ҷавоб доданд?
Зан мегӯяд:
— Аз маҳфил аксамро бозпас гардонида, гуфтанд, ки онҳо то ба ин андоза танҳо нестанд.
Калтак
Наврасе бори аввал хост, ки рӯза бигирад. То фаро расидани шом вақти кам монда буд, вале ӯ дигар тоқат карда натавонист. Бо ҳар баҳона рӯзаашро хӯрдан мехосту ба торҳои асаби падараш нохун мезад.
— Дада, шоколад хӯрам, рӯзаам мешиканад?
— Бале…
— Оби газнок нӯшам чӣ?
— Мешиканад…
— Чӣ хӯрам, ки рӯзаам нашиканад?
Падар бо қаҳр:
— Калтак!
Танк
Мӯйсафеде ба БДА омада, мепурсад:
— Писарам, ман аз куҷо барои рондани танк ҳуҷҷати ронандагӣ гирифта метавонам?
Дар БДА мегӯянд:
— Бобоҷон, танкро бе ҳуҷҷат ҳам ронда гаштан гиред! Шуморо касе манъ намекунад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ