Аз таҳти дил бихандед!
Даҳшат
Зан ба шавҳар мегӯяд:
— Ту тамоман аз худ рафтаӣ? Дар ҳузури ман аз ин духтар чашм канда наметавонӣ!
Шавҳар дар ҷавоб:
— Азизакам, ман аз афти бадҳайбати ин духтар ҳайрон шудам.
Зан ин дафъа мепурсад:
— Ин тавр бошад, оби даҳонат барои чӣ рехт?
Шавҳар мегӯяд:
— Аз даҳшат азизам, аз даҳшат…
Духтур
Марде ба назди духтур рафта, мегӯяд:
— Духтур, ҳама ҷоям дард мекунад!
Духтур дар ҷавоб мегӯяд:
— Шумо муболиға мекунед, падар! Барои дарди ҳама ҷоятон пулатон намерасад!
Аскар
Афсар аз аскари қаторӣ сабаби ба хизмат омаданашро мепурсад. Аскар дар ҷавоб:
— Аввалаш, ватанамро ҳифз кардан мехоҳам.
— Дуруст.
— Дуюмаш, хизмат мардро бақувват мекунад.
— Бале!
— Сеюмаш, хоҳиши маро напурсида, ба инҷо оварданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ