Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Даҳшат

Зан ба шавҳар мегӯяд:

– Ту тамоман аз худ рафтаӣ? Дар ҳузури ман аз ин духтар чашм канда наметавонӣ!

Шавҳар дар ҷавоб:

– Азизакам, ман аз афти бадҳайбати ин духтар ҳайрон шудам.

Зан ин дафъа мепурсад:

– Ин тавр бошад, оби даҳонат барои чӣ рехт?

Шавҳар мегӯяд:

– Аз даҳшат азизам, аз даҳшат…

Духтур

Марде ба назди духтур рафта, мегӯяд:

– Духтур, ҳама ҷоям дард мекунад!

Духтур дар ҷавоб мегӯяд:

– Шумо муболиға мекунед, падар! Барои дарди ҳама ҷоятон пулатон намерасад!

Аскар

Афсар аз аскари қаторӣ сабаби ба хизмат омаданашро мепурсад. Аскар дар ҷавоб:

– Аввалаш, ватанамро ҳифз кардан мехоҳам.

– Дуруст.

– Дуюмаш, хизмат мардро бақувват мекунад.

– Бале!

– Сеюмаш, хоҳиши маро напурсида, ба инҷо оварданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *