Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Ангушт

Ба телефони марде паёмак меояд:

— Мо завҷаи шуморо дуздидем. Бар ивазаш 100 000 евро талаб дорем. Барои исботи гуфтаҳоямон ангушташро бурида, ба шумо равон мекунем.

Шавҳар дар ҷавоб мегӯяд:

— Номаъқул кардед, ангушти ягон каси дигарро равон кунед чӣ? Ба ман каллаашро равон кунед!

Духтур

Марде ба назди духтур рафта, мегӯяд:

— Духтур, ҳама ҷоям дард мекунад!

Духтур дар ҷавоб мегӯяд:

— Шумо муболиға мекунед, падар! Барои дарди ҳама ҷоятон пулатон намерасад!

Бибӣ

Набера дар назди бибияш мегӯяд:

— Ман шавҳари зӯр мешавам. Завҷаи ман ба ягон кор даст намезанад!

Бибӣ аз шунидани суханони наберааш шод шуда, фахр мекунад, ки чунин набера дорад, вале баногаҳ набера суханашро давом дода, илова мекунад:

— Ҳама корро ту мекунӣ, бибиҷон!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *