Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Хешу табор

Ду нафар дар мобайни кӯча муноқиша мекунанд. Якеаш мегӯяд:

— Ту буз ҳастӣ!

Нафари дигарӣ мегӯяд:

— Аз буз мешунавам!

Роҳгузаре бо садои хаста:

— Модоме ҳардуятон хешу табор бошед, барои чӣ моҷаро мекунед?

Инвар

Роҳбар реҷаи ба рухсатӣ равон кардани кормандонашро тартиб дода истода, аз як кормандаш мепурсад:

— Ҳалимов, моҳе, ки ту ба рухсатӣ баромадан мехоҳӣ, бо кадом ҳарф сар мешавад?

Ҳалимов дар ҷавоб:

— Бо ҳарфи “И” албатта…

Роҳбар мегӯяд:

— Майлаш, моҳи инвар ба рухсатӣ меравӣ.

Пиру ҳиллагар

Модар аз писараш мепурсад:

— Бачем, арӯсшавандаат чандсола аст?

Писар:

— 35-сола.

Модар:

— Наход ҳамин пирро ба занӣ гирӣ-а?

Писар:

— Оча, Гулноз ба назар 25-сола менамояд!

Модар:

— Ҳа, бар замми пир буданаш, боз ҳиллагар аст, гӯй!?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *