толеънома

Толеъномаи 22-юми январи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рўз бо одамон бисёр муошират накунед. Вагарна руҳан хаста гашта, саломатиятон коста мегардад. Дар танҳоӣ истироҳати хуш кунеду вақтатонро ба кори дўстдоштаатон бахшед. Қабл аз он ки аз пайи ба даст овардани маблағи пулӣ мегардед, чӣ қадар пул хостанатонро муайян созед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рўз аксари нақшаҳои саврҳо ҷомаи амал мепўшанд. Дар сафари берун аз шаҳр бо шахсе шинос мешавед, ки ба зудӣ ба дилатон роҳ меёбад. Баъди нисфирўзӣ хонаву дари худро ба тартиб дароред, вагарна аз омадани меҳмони нохонда дар ҳолати ногувор мемонед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Ҷавзоҳо аз касе вобаста будан намехоҳанд ва барои аз уҳдадориҳо озод будан кўшиш ба харҷ медиҳанд. Дар ин рўз дар бораи нафаре, ки бо ҳам робитаи хуб доред, хабари бад мешунавед. Беҳтараш ба худ бовар кунед, на ба овозаҳо. Танҳо дар ҳамин сурат виҷдонатон поку муносибатҳои дўстонаатон боқӣ мемонад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рўз бо шахси дўстдоштаатон самимиву росткор бошед. Дар акси ҳол барои ҳарфҳои гуфтаву рафтори кардаатон худро гунаҳкор мешуморед. Дар масъалаҳои молиявӣ ба ҳуқуқшинос муроҷиат кунед, на ба дўстон. Хусусан агар кори худро сар карда бошеду барои тиҷорат маблағи зиёдро сарф карданӣ бошед.

Асад (23 июл-23 август)

Дар ин рўз роҳбарият ба меҳнати бовиҷдононаи асад диққат дода, барои хизматҳояш қадрдонӣ мекунад. Яку якбора чанд корро оғоз карданӣ шуда, ҳунару маҳорати худро баҳудаву беҳуда нишон надиҳед. Ҳама кор андоза дорад. Агар бо дўстоштаатон муноқиша карда бошед, худро дар назди ў паст назанед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рўз боғайрату нерўятон дучанд гашта, корҳои зиёдеро ба анҷом мерасонед. Истеъдоди худро дар соҳаи адабиёт, санъат ва техника нишон диҳед. Аз нишастҳои дўстона худро дур накашед. Хусусан агар кайҳо боз истироҳат накарда бошед, вақте расидааст, ки асабҳоро ором кунонед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рўз имкони ба даст овардани маблағи хуб ва нишон додани касбияти худро доред. Бо хешовандон дар робита шуда, аз кору саломатияшон пурсон шавед. Дар ҳаёти шахсӣ худро бекасу танҳо эҳсос мекунед. Руҳафтода набошед, зиндагӣ бе пастиву баландӣ намешавад.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар робита бо шарикони корӣ ба садои қалб гўш андозед. Нисбати нафароне, ки ба назаратон шубҳанок менамоянд, эҳтиёткор бошед. Рўзи хубест барои омўзиши забони хориҷӣ ва сафари хориҷа. Ҳангоми дар нақлиёт сафар кардан бодиққат бошед, хатари рух додани садама вуҷуд дорад.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Дар ин рўз аз сафарҳои роҳи дур худдорӣ намоед. Агар нияти ба бозору мағоза рафтанро дошта бошед, ҳамёни худро эҳтиёт намоед. Хатари гум кардани маблағи калон ё дуздида шудани ҳамёнатон вуҷуд дорад. Барои рафъи бемориҳои меъда дар ин рўз хўрокҳои равғанину сахт истеъмол накунед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Агар ҷаддӣ ақидаи дигаронро ба инобат нагирад, худаш низ ба чунин ҳолат гирифтор мешавад. Хоксору заминӣ бошед. Аз корҳои вазнини ҷисмонӣ ва равонӣ худдорӣ намоед. Бегоҳирўзӣ як хешатон аз хориҷа шуморо ба меҳмонӣ даъват мекунад.

Далв (21 январ-20 феврал)

Дар ин рўз бо рафъи мушкили дигарон машғул шуда, дар маъракаи муҳиме ширкат варзиданатон лозим меояд. Бештар дар ҳавои тоза гаштан фоида дорад. Хусусан агар бемадорӣ ва сарчархзаниро ҳис мекарда бошед. Нисбати ёри худ хӯрдагирӣ накунед, вагарна гапатон мегурезад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Агар дар ин рўз тамоми хоҳишу дархости дигаронро иҷро намоед, бегоҳирўзӣ асабатон хеле хаста мегардад. Аз пайи нав кардани сарулибоси худ ва баланд бардоштани савияи дониш гардед. Бо дўстони дерин дар тамос шуда, сари як пиёла чой ҷамъ омадан хотиратонро шоду табъатонро болида месозад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *