Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Калӯш

Афандӣ ба маъракае меравад ва вақти аз хона баромадан калӯшҳояшро наёфта, мегӯяд:

— Агар баъди 5 дақиқа калӯшҳоямро наоред, коре, ки падарам карда буд, ҳамонро мекунам.

Дузд тарсида, калӯшҳоро овардаву дар назди Афандӣ мегузорад ва мепурсад:

— Падарат чӣ кор карда буд?

Афандӣ дар ҷавоб:

— Падарам пойи луч ба хона рафта буд.

Аблаҳ

Муаллима аз бачаҳо мепурсад:

— Шумо калон шуда, кӣ шудан мехоҳед?

Даврон дар ҷавоб:

— Ман аблаҳ мешавам.

Муаллима ҳайрон шуда, мегӯяд:

— Давронҷон, барои чӣ чунин мегӯӣ?

Даврон мегӯяд:

— Вақте бо падарам сайругашт мекунем, пайваста мегӯяд: “Ин аблаҳро бин, мошини “Порш” дорад, хонаи он аблаҳро бин, чӣ хел зебост…”.

Туҳфа

Мард аз занаш мепурсад:

— Занак, дар зодрӯзат чӣ туҳфа кунам?

Зан дар ҷавоб:

— Ростӣ, намедонам…

Шавҳар мегӯяд:

— Майлаш, ба ту барои фикр кардан як соли дигар вақт медиҳам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *