Аз таҳти дил бихандед!
Мушкилот
Марде ба дӯсташ мегӯяд:
— Дирӯз ба назди равоншинос рафта будам. Тавсия дод, ки шабона тамоми мушкилоти худро аз дар берун гузорам.
Дӯсташ мепурсад:
— Хайр, чӣ хел? Гуфтаашро иҷро кардӣ?
Мард мегӯяд:
— Э, аз куҷо? Зану хушдоманам ҳеҷ дар кӯча хоб рафтан намехоҳанд.
Беморӣ
Зан дар дорухона аз фурӯшанда мепурсад:
— Барои мард валидол хуб аст ё нардсунбул?
Фурӯшанда мепурсад:
— Беморияш чист?
Зан мегӯяд:
— Попӯшии занона бо нархи 500 сомонӣ.
Ҷиноят
Дар идораи САҲШ духтаре аз дугонааш мепурсад:
— Дилбар, ту бори чандум аст, ки шавҳар мекунӣ?
Дилбар дар ҷавоб:
— Бори панҷум.
Дугонааш мегӯяд:
— Барҳақ ҷинояткор ба макони ҷиноят боз бармегаштааст!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ