толеънома

Толеъномаи 26-уми январи соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Ин рӯз истироҳатро ҳатто дар хоби шабатон ҳам намебинед, чунки корҳои нобасомонатон каме душвориҳоро пеш меоранд. Нимаи дуюми рӯз роҳбаратон фикрҳоятонро идеалӣ ҳисобида, баҳри амалӣ кардани нақшаҳоятон кумаки худро пешниҳод мекунад. Агар аз уҳдаи кор бароед, даромади калони пулӣ ба даст меоред ва соҳиби обрў мегардед.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар ин рӯз аз омад кардани корҳоятон биниатон осмонро харошида, баҳудаю беҳуда пулҳоятонро ба чор тараф пош надиҳед, то чанде пас азоби бепулӣ ба саратон наояд. Саломатиатон шуморо ба изтироб меорад. Кўшиш кунед, ки дар муддати кўтоҳ саломатиро барқарор намоед, зеро ба шариконатон маслиҳату кумаки шумо зарур мешавад.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Вазъи иқтисодии ҷавзоҳо якбора хуб мешавад. Даромади калони пулӣ табъатонро хушу руҳатонро болида хоҳад гардонд. Қарзи додаатонро бармегардонанд ё мукофотпулӣ мегиред. Умуман, ин рӯз ситораҳо пуштибону дўсти беҳтарини зодагони бурҷи ҷавзо хоҳанд гашт. Кўшиш кунед, ки фурсати муносибро ғанимат дониста, имкониятҳоро барои амалӣ намудани орзуҳоятон пурра истифода баред.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рўз масъалаи муҳиме, ки кайҳо баҳри ҳалаш майна об мекардеду роҳу восита меҷустед, худ аз худ ҳал мешавад. Даромади пулӣ табъатонро болидаю дилатонро шод хоҳад намуд. Аммо бо хариду фурўши хона, мошин ва дигар чизҳои гаронбаҳо машғул шуданро ситораҳо ин рӯз ба зодагони бурҷи саратон маслиҳат надодаанд. Ҳунари худро дар ҷои кор нишон бояд дод.

Асад (23 июл-23 август)

Дар коргоҳатон мушкилиҳои вобаста ба ахбороте, ки шумо медонед, сар мезанад. Даҳони пўшида 100 танга гуфтаанд. Тамоми сирру асрори медонистаатонро пинҳон дореду худро зери хатар нагузоред. Бо мадади дўстон ва ё оғози лоиҳаи нав даромади хуби пулӣ ба даст оварда метавонед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Ба зиндагии хушбахтонаи шумо хатаре таҳдид намекунад, ба шарте, ки бо амалу рафтори беандешаи худ коратонро худатон дўлоб накунед. Сумбулаҳои муҷаррад дар фикри ҷуфт кардани сарашон меафтанд, вале дар интихоб саргаранг мешаванд. Бисёр андеша накунед. Худро нафиребед, ба садои дилатон гўш диҳед, дил гувоҳи ҳақ аст.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Пул ин рӯз аз сарчашмаҳои гуногун ба дастатон мерасад ва кисаҳоятон якбора варам карда, вазъи иқтисодиатон устувор мегардад. Мизонҳо бо қувваю фикрҳои нав ба пеш ҳаракат мекунанд. Агар серҳаракаттар бошед, тамоми нақшаҳоятонро амалӣ хоҳед кард. Табъи хуш боиси ривоҷ гирифтани коратон дар тамоми самтҳои зиндагӣ хоҳад гашт. Аммо ҳангоми имзо намудани шартномаҳои дутарафа андаке эҳтиёткор буданро ситораҳо ба зодагони ин бурҷ маслиҳат додаанд.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ин рӯз дигаргуниҳои куллӣ дар ҳаёти шахсиатон дар назар аст. Шояд ҷои зистро иваз намоед. Аз нигоҳи муносибатҳои ошиқона рӯз чандон бобарор нест. Аниқтараш, онҳое ба шумо таваҷҷуҳ зоҳир менамоянд, ки писандатон нестанд. Аз ошиқони шилқин дурӣ ҷўед, то рашки азизатонро наоред.  

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Рӯз бо серташвишиаш сари калобаатонро гум мекунад. Озурда набошед, зеро кўшишу меҳнататон рўзҳои наздик самар меоварад. Бобарор анҷом додани як амалиёт дар коргоҳатон ҳам обрўи шуморо дар коллектив меафзояду ҳам даромади хуби пулӣ ба даст меоред. Қавсҳои танҳо ба гирдоби андеша меафтанд. Гумон мекунед, ки дўстдоштаатон шуморо дўст намедорад ва аз пешниҳоди издивоҷ метарсед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар коргоҳатон рўйдодҳои хуб ва манфиатовар дар назар аст. Кўшиш кунед, ки ҳунари худро нишон диҳеду мансаби баландеро соҳиб шавед. Баланд шудани маош айни ҳол дар назар нест, вале ҳамин ки роҳбариятро бо кордониатон қоил намудед, дурри мақсуд ба каф меояд. Вазъи иқтисодиатон охири рӯз хуб мешавад, қарздорон пулатонро бармегардонанд.

Далв (21 январ-20 феврал)

Партави асрорангезӣ ва муаммоҳои сарбаста шуморо дар назари дигарон аҷиб ҷилва медиҳад. Атрофиён роҳҳои гуногуни бо шумо дўст шуданро меҷўянд, то аз сирру асроратон огоҳ шаванд. Ба касе рози дил накарда, хомўшона аз пайи амалӣ намудани нақшаю лоиҳаҳои худ гардед. Ин рӯз барои ҳалли масъалаҳои тиҷоратӣ ва пул кор кардан айёми хуб аст, аз фурсати мувофиқу хандаи бахту тақдир боақлона истифода баред.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Дар ин рӯз ба даст омадани пул аз эҳтимол дур нест. Кори зодагони бурҷи ҳут дар тиҷорат низ барор хоҳад гирифт. Аммо дар робита бо шарикони корӣ эҳтиёткор бояд буд. Агар дили онҳоро ба даст биёред, соҳиби хонаю мошин хоҳед шуд. Бахтатонро аз даст надиҳед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *