Аз таҳти дил бихандед!
Туҳфа
Зан ба шавҳараш мегӯяд:
— Мардак, дар зодрӯзи гузаштаам шумо ба ман курсичаи зебоеро ҳадя намуда будед! Имсол дар зодрӯзам чӣ туҳфа мекунед?
Мард дар ҷавоб мегӯяд:
— Имсол ба курсичаат қувваи барқро пайваст мекунам!
Достон
Ҷавонзане аз шавҳараш мепурсад:
— Мардак, ту маро мисли он ки Маҷнун Лайлиро дӯст медорад, дӯст дошта метавонӣ?
Шавҳар дар ҷавоб:
— Намедонам, ман ин достонро нахондаам.
Зан боз мепурсад:
— Маро мисли оне, ки Отелло Дездемонаро рашк мекард, рашк карда метавонӣ?
Шавҳар дар ҷавоб:
— Намедонам, ман ин достонро нахондаам.
Зан ин дафъа мепурсад:
— Ту кадом китобро хондаӣ?
Шавҳар дар ҷавоб:
— «Муму»-ро хондаам. Агар саг барин ҷакидан гирӣ, дар об ғарқ кунонида, мекушам.
Азроил
Азроил шабона ба назди марде омада, мегӯяд:
— Ман барои гирифтани ҷони ту омадам!
Мард занашро бедор карда, мегӯяд:
— Ҷонам, бархез, барои бурдани ту омадаанд!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ