Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Сипосгузорӣ

Духтараки донишҷӯ ҳуҷҷатҳои ронандагияшро гирифта, бори аввал модарашро то хонаашон мебарад. Вақте мошин манъ мешавад, модар мегӯяд:

— Сипосгузорам!

Духтараш мегӯяд:

— Саломат бошед!

Модар мегӯяд:

— Ман аз ту не, аз Худованд сипосгузорам, ки сиҳату саломат расидам.

Туҳфа

Ҷарроҳи ҷавонро баъди ду маротиба ҷарроҳии бебарор карданаш мудири шуъба даъват карда, мепурсад:

— Гӯш кун, Аброров, ту дипломро харидаӣ чӣ?

Ҷарроҳ дар ҷавоб мегӯяд:

— Хафа мекунед, духтур, барои чӣ дипломро мехаридаам? Онро ба ман дар зодрӯзам туҳфа карданд!

Саги гапзан

Марде аз рухсатии меҳнатӣ баргашта, сагашро ба ошхона мебараду аз ҷонвар мепурсад:

— Дар набудани ман ягон кас ба назди занам омада буд?

— Ҳав,- аккос мезанад саг.

— Мард буд?,- боз мепурсад шавҳар.

— Ҳав.

— Онҳо чӣ кор карданд?,- мепурсад шавҳар.

— Ҳа-ҳа-ҳа-ҳа,- вазнин нафас мекашад саг.

— Дурудароз?,- боз суол мекунад мард.

— У-у-у!,- уллос мекашад саг.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *