Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Дадаи нав

Ду духтарчаи панҷсола дар боғча бозӣ доранд. Якеаш мегӯяд:

— Ман дадаи нав дорам!

Духтарчаи дигарӣ мепурсад:

— Чӣ ном дорад?

Духтарчаи аввала:

— Тағои Мансур

Духтарчаи дигарӣ:

— Шарипов?

Духтарчаи аввала:

— Бале.

Духтарчаи дигарӣ:

— Инаш дадаи хуб аст. Он кас соли гузашта дадаи мо буданд.

Ҳасиб барои хушдоман

Аҳли оила сари дастархон ҷамъ омадаанд. Хушдоман ба домодаш мегӯяд:

— Домод, ба ман ҳасиб бурида диҳед.

Домод мепурсад:

— Чӣ қадар реза кунам, оча?

Хушдоман дар ҷавоб:

— Чӣ қадаре, ки дилат мехоҳад.

Домод мегӯяд:

— Не-е, оча, ман ҳасибро ба он дараҷа борик реза карда наметавонам.

Кофӣ

Омӯзгор аз талаба мепурсад:

— Воҳидҷон, чаро ту забони англисиро намеомӯзӣ?

— Намехоҳам, муаллима.

— Магар ту намедонӣ, ки ними аҳолии сайёраи замин бо забони англисӣ ҳарф мезананд?!

Талаба дар ҷавоб:

— Магар ҳамин миқдор кофӣ нест, муаллима?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *