толеънома

Толеъномаи 5-уми феврали соли 2023

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Имрӯз бисёр чизҳо бароятон муаммои сарбастаро мемонад, ки зудтар гиреҳашро кушодан мехоҳед. Агар гумон кунед, ки ҳақиқатро рӯйи об баровардаед, хато мекунед. Баъзан ғалатҳои худро ба гардан гирифтанро омӯзед. Ба дӯстдоштаатон дағалӣ накунед.

Савр (21 апрел-22 май)

Беҳуда ғам хӯрданро бас карда, ба мушкили худ аз як тараф нигаред. «Поёни шаби сиёҳ сафед аст» мегӯянд, аз ғам хӯрданатон муроде ҳосил намегардад. Барои он ки маблағи худро ба зудӣ тамом накунед, пулро сарфа кунед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Воқеаҳои ин рӯз чунон ногаҳониву ғайриоддиянд, ки дар аввал сари калобаатонро гум карда, чӣ кор кардан, чӣ гуна рафтор карданро намедонед. Хабаре, ки баъди нисфирӯзӣ мешунавед, ба рафти корҳоятон таъсири мусбат мерасонад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Имрӯз метавонед аз ҳар лаҳза ҳаловат бубаред. Корҳои худро як тараф гузошта, бо шуғли дӯстдошта машғул шавед. Дар ин рӯз ба шитобкорӣ роҳ надода, аз шириниҳои ҳаёт ҳаловат бардоред. Бо нафарони шубҳанок шинос шуданро тавсия намедиҳем.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз ба маънои томаш аз зиндагӣ ҳаловат мебардоред. Ба касе чизеро исбот кардану саросема шудан лозим нест. Ҳатто баъзе корҳоро ба таъхир гузоштанатон лозим меояд. Беҳтараш рӯзро барои робита бо дӯстону наздикон бубахшед.

Сумбула (24 август-23 сентябр)

Барои рафъ намудани мушкилиҳое, ки аз рӯзҳои пешин боқӣ мондаанд, бо дӯстон дар театр ё қаҳвахона якҷоя дилхушӣ намоед. Аз суҳбати дӯстон, хӯроки болаззат, аз дидори шахси дӯстдошта ё шунидани оҳанги хуб ҳаловат мебардоред.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Дар ин рӯз қобилияти зуд сари қароре омаданро пайдо намуда, масъулият ҳис карда метавонед ва атрофиёнро барои дар ҳаёт татбиқ намудани нақшаҳоятон ҷалб месозед. Ба ҳар коре, ки даст занед, бе душворӣ муваффақ мегардед.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Ситораҳо ҳушдор медиҳанд, ки кори муҳимеро аз шумо пинҳон менамоянд. Эҳтимол нафаре аз пушти шумо дасисабозӣ мекунаду худатон хабар надоред ё шахсе дар фикри бадии шумо буда, дар ҳақатон овозаву туҳмат паҳн мекунад. Барои он ки ба кору обрӯятон зарар нарасад, бояд хеле ҳушёр бошед.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Имрӯз худро боқуввату нерӯи тоза эҳсос мекунед. Қобилияти кориятон баланд гашта, нақшаҳоятонро амалӣ месозед. Рӯзро барои расидан ба мақсад истифода баред, вале дар баробари корҳои нав корҳои пештараро низ ба сомон расонед.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз корҳоятон хеле ба осонӣ пеш мераванд. Вале ин маънои онро надорад, ки монеае садди роҳатон намегардад, танҳо бо ҳазлу шӯхӣ мушкилиҳои сарзадаро рафъ намуда, баъзеяшро умуман пай намебаред. Сабаби пешравиҳоятон ба садои қалб гӯш дода тавонистанатон аст.

Далв (21 январ-20 феврал)

Имрӯз эҳтимоли зиёди пеш омадани баҳсҳои молиявӣ вуҷуд дорад. Агар мушкилоти иқтисодӣ аллакай пайдо шуда бошад, аз он гурехтанро тавсия намедиҳем. Дар акси ҳол муноқиша давомноку дардолуда мегардад.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Имрӯз тамоми ҳодисаҳои атроф бароятон аҷиб менамояд. Бо нерӯи дучанду кунҷкобии беандоза ба дили баъзеҳо роҳ ёфта, аз тамоми сирру асрори ҳамсуҳбати худ бохабар мегардед. Аз он ки дарди дигаронро гӯш карда метавонед, дӯстони зиёд пайдо мекунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *