Аз таҳти дил бихандед!
Арӯси мӯйлабдор
Ҷавоне ба хостгорӣ рафта, мебинад, ки арӯсшавандааш каме мӯйлаб дорад. Аз духтар мепурсад:
— Як савол дорам. Чаро шумо мӯйлаб доред?
Духтар аз шарму алам гиря мекунад.
Ҷавон даступохӯрда шуда, мехоҳад духтарро дилбардорӣ кунад ва саросема шуда, мегӯяд:
— Гиря накун, мард гиря намекунад.
Диван
Зан ба шавҳараш мегӯяд:
— Ту боз дар диван рӯзи дароз хоб ҳастӣ?
Мард дар ҷавоб:
— Занак шукр гӯй, ки маро кофта намегардӣ!
Мушкилот
Марде ба дӯсташ мегӯяд:
— Дирӯз ба назди равоншинос рафта будам. Тавсия дод, ки шабона тамоми мушкилоти худро аз дар берун гузорам.
Дӯсташ мепурсад:
— Хайр, чӣ хел? Гуфтаашро иҷро кардӣ?
Мард мегӯяд:
— Э, аз куҷо? Зану хушдоманам ҳеҷ дар кӯча хоб рафтан намехоҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ