Аз таҳти дил бихандед!
Арӯси мӯйлабдор
Ҷавоне ба хостгорӣ рафта, мебинад, ки арӯсшавандааш каме мӯйлаб дорад. Аз духтар мепурсад:
– Як савол дорам. Чаро шумо мӯйлаб доред?
Духтар аз шарму алам гиря мекунад.
Ҷавон даступохӯрда шуда, мехоҳад духтарро дилбардорӣ кунад ва саросема шуда, мегӯяд:
– Гиря накун, мард гиря намекунад.
Диван
Зан ба шавҳараш мегӯяд:
– Ту боз дар диван рӯзи дароз хоб ҳастӣ?
Мард дар ҷавоб:
– Занак шукр гӯй, ки маро кофта намегардӣ!
Мушкилот
Марде ба дӯсташ мегӯяд:
– Дирӯз ба назди равоншинос рафта будам. Тавсия дод, ки шабона тамоми мушкилоти худро аз дар берун гузорам.
Дӯсташ мепурсад:
– Хайр, чӣ хел? Гуфтаашро иҷро кардӣ?
Мард мегӯяд:
– Э, аз куҷо? Зану хушдоманам ҳеҷ дар кӯча хоб рафтан намехоҳанд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ