Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Насаб

Мард аз зане, ки ҳамаи фарзандонаш номҳои якхела доранд, суол мекунад:

— Хонум, шумо вақте фарзандони худро ҷеғ мезанед, чӣ гуна мефаҳманд, ки кадомашро дар назар доред?

Зан дар ҷавоб:

— Хеле оддӣ, ман онҳоро бо насабашон фарёд мекунам.

Лаҳзаи истироҳат

Марде аз рафиқаш мепурсад:

— Гӯш кун, ту миёнаи рӯз имкони истироҳат кардан дорӣ?

Рафиқаш мегӯяд:

— Бале, занам баъди нисфирӯзӣ қариб як соат хоб меравад.

Мард ҳайрон шуда:

— Ман занатро не, худатро пурсидам.

Рафиқаш мегӯяд:

— Гап сари он аст, ки вақте занам хоб меравад, ман вақти истироҳат пайдо мекунам.

Қошуқча

Ду рафиқ дар қаҳвахона нишастаанд.

— Ман пай бурдам, ки ҳар одам як рафтори ғайриоддӣ дорад,- мегӯяд якеаш.

— Ман ягон рафтори ғалатӣ надорам,- мегӯяд дуюмӣ.

— Албатта, ту ҳам чунин рафтор дорӣ,- исрор мекунад рафиқаш.

— Чӣ гуна рафтори ғалатӣ будааст?,- ҳайрон мешавад дуюмӣ.

— Тавре пай бурдам, ту чойро бо дасти ростат омезиш медиҳӣ.

— Хайр чӣ?

— Аксари одамон барои ин кор қошуқчаро истифода мебаранд,- мегӯяд рафиқаш.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *