Аз таҳти дил бихандед!
Насаб
Мард аз зане, ки ҳамаи фарзандонаш номҳои якхела доранд, суол мекунад:
– Хонум, шумо вақте фарзандони худро ҷеғ мезанед, чӣ гуна мефаҳманд, ки кадомашро дар назар доред?
Зан дар ҷавоб:
– Хеле оддӣ, ман онҳоро бо насабашон фарёд мекунам.
Лаҳзаи истироҳат
Марде аз рафиқаш мепурсад:
– Гӯш кун, ту миёнаи рӯз имкони истироҳат кардан дорӣ?
Рафиқаш мегӯяд:
– Бале, занам баъди нисфирӯзӣ қариб як соат хоб меравад.
Мард ҳайрон шуда:
– Ман занатро не, худатро пурсидам.
Рафиқаш мегӯяд:
– Гап сари он аст, ки вақте занам хоб меравад, ман вақти истироҳат пайдо мекунам.
Қошуқча
Ду рафиқ дар қаҳвахона нишастаанд.
– Ман пай бурдам, ки ҳар одам як рафтори ғайриоддӣ дорад,- мегӯяд якеаш.
– Ман ягон рафтори ғалатӣ надорам,- мегӯяд дуюмӣ.
– Албатта, ту ҳам чунин рафтор дорӣ,- исрор мекунад рафиқаш.
– Чӣ гуна рафтори ғалатӣ будааст?,- ҳайрон мешавад дуюмӣ.
– Тавре пай бурдам, ту чойро бо дасти ростат омезиш медиҳӣ.
– Хайр чӣ?
– Аксари одамон барои ин кор қошуқчаро истифода мебаранд,- мегӯяд рафиқаш.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ