Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Таъбири хоб

Аъробие ба муфассири хоб гуфт:

— Хоб дидам, ки аз саргини уштур таом пухта истодаам. Таъбираш чист?

— Ду динор деҳ, таъбирашро мегӯям!,- гуфт муфассир.

— Дунёбехабар,-гуфт аъробӣ,- агар ду динор медоштам, магар аз саргини уштур таом мепухтам?

Террорист

Аз як генерали амрикоӣ пурсиданд:

— Террористонро афв кардан мумкин аст?

Генерал дар ҷавоб гуфт:

— Худо ӯро афв мекунад, агар хоҳад. Вазифаи мо ӯро ба наздаш фиристодан аст.

Субҳ

Марде духтарашро сарзаниш мекунад:

— Барои чӣ ба модарат гуфтӣ, ки ман қариби саҳар ба хона омадам?

Духтарак мегӯяд:

— Не, дадаҷон, ман ин тавр нагуфтам, ман ба ӯ гуфтам, ки вақте дадаам омад, ман таоми субҳона мепухтам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *