Аз таҳти дил бихандед!
Нимкар
Беморе ба дармонгоҳ омада, ба духтури гӯш муроҷиат менамояд:
– Духтурҷон, ёрӣ диҳед, гӯшам нимкар шудааст.
– Укоҷон, одам нимкар намешавад, ё тамоман кар мешавад, ё умуман кар намешавад.
– Бовар накунед, санҷида бинед,- илтимос мекунад бемор.
Духтур ба гӯшаи кабинет рафта, бо садои паст мегӯяд:
– Ҳақи хизмат 100 сомонӣ.
Бемор мегӯяд:
– Дидед, ман ҳамагӣ 50 сомонӣ шунидам.
Барқ
Дар як деҳаи дурдаст нозири барқ барои санҷидани нишондоди нерӯи барқи истифодакардаи як хонавода дари хонаашонро тақ-тақ мезанад. Дарро кампираке мекушояду мепурсад:
– Хизмат, бачам?
– Бибиҷон, барои ҳисоб кардани пули барқ омадам,- мегӯяд нозир.
Пиразан мегӯяд:
– Дар хоки пот садқа, бачам, лекин аз ҳамин барқа худат бисёртар меоӣ.
Ҳаёти нав
Духтур ба бемор мегӯяд:
– Шуморо табрик мекунам, дар вуҷуди шумо ҳаёти нав пайдо шудааст!
Бемор ба даҳшат омада, мегӯяд:
– Духтур, шумо чиҳо мегӯед, магар мард ҳомила мешавад?
Духтур дар ҷавоб:
– Барои кирмҳо фарқе надорад, ки шумо мард ҳастед ё зан!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ