Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Хабари хуш

Писар ба модараш мегӯяд:

— Оча, бароят хабари хуш дорам.

Модар шодикунон:

— Аз фанни алгебра баҳои 5 гирифтӣ?

Писар:

— Ман хабари хуш гуфтам, на муъҷиза.

Театри калон

Шавҳар аз ҷои кор омада, ба занаш мегӯяд:

— Тайёр шав, ба театр меравем!

— Ба кадом театр? Театри калон?,- бо хурсандӣ мепурсад зан.

— Зиқ нашав, дар ин театр меғунҷӣ,- посух медиҳад шавҳар.

Доруи таскинбахш

Дар қабули табиб. Духтур ба зан мегӯяд:

— Ба шавҳари шумо оромӣ лозим аст. Ман доруи таскинбахш менависам.

Зан:

— Доруро кай ба ӯ диҳам?

Духтур:

— Ҳеҷ гоҳ! Онро худатон истеъмол кунед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *