Аз таҳти дил бихандед!
Хабари хуш
Писар ба модараш мегӯяд:
– Оча, бароят хабари хуш дорам.
Модар шодикунон:
– Аз фанни алгебра баҳои 5 гирифтӣ?
Писар:
– Ман хабари хуш гуфтам, на муъҷиза.
Театри калон
Шавҳар аз ҷои кор омада, ба занаш мегӯяд:
– Тайёр шав, ба театр меравем!
– Ба кадом театр? Театри калон?,- бо хурсандӣ мепурсад зан.
– Зиқ нашав, дар ин театр меғунҷӣ,- посух медиҳад шавҳар.
Доруи таскинбахш
Дар қабули табиб. Духтур ба зан мегӯяд:
– Ба шавҳари шумо оромӣ лозим аст. Ман доруи таскинбахш менависам.
Зан:
– Доруро кай ба ӯ диҳам?
Духтур:
– Ҳеҷ гоҳ! Онро худатон истеъмол кунед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ