Аз таҳти дил бихандед!
Теоремаи Пифагор
Омӯзгор ба толибилмон:
— Акнун ман ба шумо теоремаи Пифагорро исбот мекунам.
Талабаи сустхоне аз партаи ақиб нидо мекунад:
— Муаллимҷон, заҳмат накашед, мо ба шумо бовар мекунем.
Дарди ҷуғрофӣ
Омӯзгори фанни ҷуғрофия ба назди табиб меояд.
Духтур аз муаллим мепурсад:
— Куҷоятон дард мекунад?
Омӯзгор:
— Поям.
Табиб:
— Куҷои поятон?
— Мавзеи шимолу шарқии соқи пой.
Замони зимистон
Омӯзгор аз толибилмон мепурсад:
— Ман месулфам, ту месулфӣ, ӯ месулфад, мо месулфем… Канӣ кӣ мегӯяд, кадом замон мешавад?
Талабае аз партаи қафо нидо мекунад:
— Замони зимистон!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ