Аз таҳти дил бихандед!
Ордену медал
Писарбачае қафаси синаи мардеро пур аз ордену медал дида, бо тааҷҷуб аз падараш мепурсад:
— Дадаҷон, ин амак ин қадар ордену медалро аз куҷо гирифтааст?
— Аз ҷанг,- ҷавоб медиҳад падар.
— Шумо ҳам ҳар рӯз бо модарам ҷанг мекунед, чаро ягон орден надоред?,- мегӯяд писарча.
Хӯроки якум
Марде аз рафиқаш мепурсад:
— Салмон, маъракаи дирӯза чӣ хел буд?
Салмон мегӯяд:
— Хӯроки якум набуд, хӯроки дуюм бошад, мисли хӯроки якум буд.
Дуроҳа
Нозири БДА бандагиро ба ҷо меорад. Дар гӯр барои ба дӯзах ё биҳишт равон карданаш фариштаҳои дасти чапу рост баҳс мекунанд.
— Ӯ одами бад буд, ҳама умр пора мегирифт, арақ мехӯрд… ба дӯзах!, -мегӯяд фариштаи дасти чап.
— Не, ӯ одами нағз буд. Одамонро аз хатар раҳо мекард, ба ҳама ёрӣ медод… ба биҳишт!,- мегӯяд фариштаи дасти рост.
Ин дам худи нозир мегӯяд:
— Бачаҳо, шумо баҳс накунед… маро дар дуроҳа гузоред!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ