Туркия

Имшаб наҷотдиҳандагони тоҷик аз Туркия бармегарданд

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар хабар дод, ки наҷотдиҳандагони тоҷик имшаб аз Туркия ба шаҳри Душанбе бармегарданд.

— Дастаи панҷоҳнафараи наҷотдиҳандагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки аз 10-уми феврал дар қаламрави зилзилазадаи Ҷумҳурии Туркия саргарми корҳои ҷустуҷӯ ва наҷот буданд, соати 01:00-и рӯзи 23-юми феврал ба Ватан бармегарданд,- меафзояд манбаъ.

Гуфта мешавад, ки наҷотдиҳандагони кишвар аз 10-уми феврал дар қаламрави Туркия ба корҳои ҷустуҷӯву наҷот оғоз карда, аз зери харобаҳову вайронаҳо 217 ҷасади куштагони ин заминларзаи мудҳишро берун овардаву ба мақомоти дахлдори Туркия супурдаанд. Инчунин, онҳо се нафарро аз зери биноҳои харобу валангор зинда пайдо кардаанд, ки ду нафарашон тифлони аз 3 то шашмоҳа будаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *