Эътироз ба шогирди монологнавис

Ҷаноби Тоҳирӣ, ман бо шумо ҷанг карданӣ нестам, аммо мехоҳам шуморо ба баҳс кашам!

Дар бораи нашри китоби бандаи ганда бо номи “Монолог” навиштед, ки сипосгузорам. Аммо, дар бисёр маврид аз ҳад гузаронидаед. Зиёд воҳима кардаед. Дар бораи эҳдо шудани эҳсос аз ҷониби як инсон ба инсони дигар, дар боби таҷриба ва нақши устод сухан дар миён овардаед. Воҳимаро ба ҳадди иғроқ расонидаед, ки гӯё ман дар интиқоли ҳар чизи медонистаи худ ба дигарон ҳарис нестам ва ҳатто ҳаргиз даъвои доштани шогирдони бешумор накардаам. Зеро, ҳанӯз намедонед, ки масъалаи эътироф дар ҳаёти як нафар инсон мавқеи шоиставу мушкилписанду бориз дорад. Ва ҳанӯз, ба ғайр аз ин “иддаои шогирдӣ”-и шумо, ман боре шоҳид набудам, ки ягон нафаре аз шогирдон ба ин гуна, ба таври расмиву қатъиву муҷалло иқрори шогирдии маро карда бошад. Мантиқ ин ки, вақте иқрор аз ҷониби шогирд билфосила ба миён намеояд, устод наметавонад худро устод талаққӣ ва ё муаррифӣ намояд. Ба қавле, ин беҳаёӣ, ба гуфти русҳо, “нахалство” аст.

Қалбам пур аз ифтихор шуд, ки маро “устод дар навиштан” гуфтед. Ҳам, гуфтед, ки ҳамеша дар охири номатон “ҷон” илова мекунам. Аммо, охир, ин одати ман аст, ки дар давоми номи ҳар як нафар “ҷон” илова мекунам. Яъне, наметавон ба ҷудогона будани як нафар аз ин нуқтаи назар баҳо дод. Дигар ин ки, боре аз рӯзноманигор Шамсулло Фозилов бипурсед оид ба устодиву шогирдӣ. Ман ӯро устод мегӯям, ӯ маро устод. Ҳатто боре нафаре суол дод, ки “шумо якдигарро устод мегӯед, кадоме аз шумо воқеан устод аст?”. Шамсулло Фозилов гуфтанд: “Ҳарду, Асозода дар навиштан устоди мананд, ман дар шинохти зиндагӣ устоди Асозода”.

Барои ҳамин, ман ба шумо якчанд суоли риторикӣ дорам:

Устод кист?

Шогирд кист?

Эҷод чист?

Эҷодгар кист?

Назария чист?

Амалия чист?

Аз факултет то “факултети эҷодӣ” чӣ миқдор роҳ аст?

Як нафар журналистшав бояд мутолиа дошта бошад ё ин муҳим нест?

Агар Асозода намебуд, шумо ба ҷойи “чун алиф рост будан” ба каҷӣ мегароидед?

Агар ӯ намебуд, умедатонро аз оянда мекандед?

Агар ӯ намебуд, худро намешинохтед?

Агар ӯ намебуд, шумо наметавонистед накӯкор бошед?

Умедворам, ки ба ин суолҳои риторикӣ посухҳои риторикӣ хоҳед дод, ҷаноби Тоҳирӣ!

Фазлиддин АСОЗОДА

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *