Ҳафизулло

Монолог ба “Монолог”-и монологнавис

Ҷаноби Тоҳирӣ, имрӯз дар бораи он нафаре ба ту мегӯям, ки сабаби пайдо шуданат дар матбуот шудааст. Медонам, беихтиёр зери лаб “Фазлиддин Асозода” гуфтӣ. Баҳонаи иттилоотӣ? Устод нахустин китобашонро бо фарогирии бархе монологҳояшон бо номи “Монолог” нашр карданд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, муаллим Фазлиддин Асозода туро дар ман кашф карданд, ба ту гӯши шунаво доданд, забони гӯё доданд ва хатоҳоро ислоҳ карданду камҳоро зиёд. Эшон ба ман се эҳсоси беҳтарин барои ҳар раҳнаварди роҳи эҷод — саҳар барвақт мунтазири кушодани дӯкони рӯзномафурӯшӣ шудан, аввалин ва садумин матлабро дар газета дидан ва гирифтани гонорарро додаанд.

Қиссаи шиносоиамон ҳам бо устод аҷиб аст. Замони донишҷӯӣ устодон ба мо мегуфтанд, ки нависед, вале чӣ тавр навиштанро не. Чӣ тавр навиштанро омӯхтан саволи аз ҳама душвор дар зеҳни қариб ҳамаи донишҷӯёни факултети эҷодӣ аст. Сипас, бо ташвиқи устод Қироншоҳ Шарифзода ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа махсус барои газетахонӣ ба Китобхонаи миллӣ мерафтам. Ман аз газетаҳо бештар мехостам чӣ навиштану чӣ тавр навиштанро омӯзам. Дар яке аз чунин рӯзҳо “Фараж”-ро гирифта, саҳифаи 15-ашро кушодам. Аввал назарам ба калимаи “Монолог”, баъд ба сурати калони як нафари тақрибан 35-сола ва пасон ба “Фазлиддин Асозода” бархӯрд. Хонданро оғоз кардам. Дар ҳар сархат вақте ки “дӯстам Хоҷаев”, “рафиқ Хоҷаев” ва “ҷаноби Хоҷаев”-ро мехондам, ба шавқ меомадам. Пас аз чанде нафаҳмида мондам, ки болои мизам пур аз газетаи “Фараж” шудааст. Яке дар бораи рашки мурғ буду дигаре дар бораи ҳасудиву бахилӣ, савумӣ дар бораи шарм буду чаҳорумӣ дар бораи ғурур, панҷумӣ аз ғайбат мегуфту шашумӣ аз нолиш…

Ман хонаи иҷора омадам ва монологнависиро оғоз кардам. Оғози моҳи январи соли 2017 аввалин монологамро ба устод бурдам ва шумораи оянда суратамро дар гӯшаи эшон дидам.

Ҳамин тавр, ман ҳар ҳафта бо як монолог ба назди устод мерафтам. Чӣ коре доштанд, як сӯ гузошта, матлаби маро таҳрир мекарданд ва ҳатто мегуфтанд, ки дар шумораи оянда дар кадом саҳифа чоп мешавад. Дар охири ҳар вохӯрӣ як газета медоданду хайрухуш мекардем.

Ҷаноби Тоҳирӣ, то чанд моҳ баробари ҳар шумораи “Фараж”-ро дидану гирифтан, фикр мекардам, ки охирин монологам нашр шудааст, зеро кам касонеанд, ки ба як донишҷӯ ҷои махсуси газетаашонро диҳанд. Ин фикрамро пас аз ду сол гуфтам, хандиданду гуфтанд: “Ман менависам ва ту ҳам ҳақ дорӣ, ки нависӣ ва бидон, ки саҳифаҳои газета бароямон тангӣ намекунанд. Ман навиштанро давом медиҳам, ту ҳам фикри бас карданро накунӣ”.

Фазлиддин Асозода дар навиштан устоди аввалини ман ҳастанд ва устоди махсус. Устоде, ки боре аз забонашон гапи нохуб нашунидаам. Устоде, ки ҳар чизе медонанду доранд, бе пурсиш медиҳанд. Устоде, ки ҳамеша дар охири номам “ҷон” илова мекунанд. Устоде, ки ҳаргиз ҷое даъво намекунанд, ки шогирдони бешумор доранд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, акнун меоем сари китоб. Масъалаи нашри монологҳои устод дар шакли китоб ҳанӯз чанд сол пеш пайдо шуда буд, вале ҳар вақте ки дар ин мавзӯъ гап мезадем, устод хоксорӣ карда, гапро дигар тараф мебурданд.

Ҷаноби Тоҳирӣ, дуруст аст, ки ҳоло аз насиҳатшунав дида насиҳатгарон зиёд шудаанд, вале навиштаҳои Фазлиддин Асозода оҳанги насиҳат надоранд. Хонанда худро озод ҳис мекунад, аз касе миннат намешунавад, хиҷолат намекашад.

Монологҳои устод дар худ ҳама чизро доранд. Ҳам шеър, ҳам суханони маъмулу маъруф, ҳам бадеият, ҳам қиссаҳои машҳур ва ҳам хабарҳои нав. Масалан, дар монологи “Нолиш” муаллиф аввал сухани мардумии “Нолиш хуб аст”-ро оварда, сипас қиссаи ду маҳкумшударо пешниҳод кардаанд. Пас аз қисса нуктае аз нишасти матбуотии Вазорати кишоварзии кишвар зикр шудааст. Дар монологи “Одамгарӣ” ҳам аз чунин услуб кор бурдаанд. Яъне, дар баробари бадеияту суханони ангезадиҳанда, хабари пахши видеои донишҷӯи тоҷик Ҳусейн Насимовро, ки мардумро ба хайрхоҳӣ даъват кардааст, ҷой додаанд.

Дар “Қарз”, “Амонат”, “Садоқат” ва “Аҳд” содиқ буданро талқин карда, дар “Ғайбат”, “Хабаркашӣ” ва “Дурӯғ” моро роҳнамоӣ мекунанд, ки мисли “алиф” рост бошем.

Дар “Ҳавобаландӣ” ҳавобаландиро маҳкум мекунанду дар “Хоксорӣ” хоксориро васф. Дар «Боварӣ» боварии моро зиёд мекунанду дар “Ноумедӣ” мегӯянд ҳеҷ гоҳ умедамонро аз даст надиҳем.

Инчунин, аз тарсу дурӯягиву хастагиву фаромӯшхотириву ғазабу хатоиву иштибоҳ гуфта, ҳамеша дар назди хонанда ду роҳро мемонанд, то ки қазоват кунад.

Ҷаноби Тоҳирӣ, Фазлиддин Асозода ба воситаи монологҳояшон моро ба худамон мешиносонанд. Талош мекунанд, ки накӯкор бошему ба бадӣ наздикӣ накунем.

Ҳафизуллоҳ ТОҲИРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *