Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Шӯхӣ

Ду аскар дар казарма равонанд, баногаҳ аз наздашон старшина мебарояд. Сарбози аввала ба дигарияш мегӯяд:

— Сорбон, биё, старшинаро метарсонем.

Сорбон дар ҷавоб мегӯяд:

— Бас кун ҳамин шӯхиҳоятро! Бо декан ҳам шӯхӣ кардиву ба ин ҷо афтодем.

Аскари ҳозирҷавоб

Аскар ба назди қумондон омада, мегӯяд:

— Рафиқ командир, иҷозат диҳед ба назди занам равам, бояд таваллуд кунад.

Қумондон аскарро ҷавоб медиҳаду баъди як ҳафта аскар бармегардад. Қумондон мегӯяд:

— Ҳа, Саидов, завҷаатон писар таваллуд кард ё духтар?

Аскар мегӯяд:

— Баъди нуҳ моҳ маълум мешавад, рафиқ командир.

Туҳфа

Зан аз шавҳараш мепурсад:

— Мардак, шумо ба ман чӣ туҳфа мекунед?

Шавҳар дар ҷавоб:

— Ту ба ман дар рӯзи 23-юми феврал чӣ туҳфа карда будӣ?

Зан мегӯяд:

— Муҳаббату меҳрубонӣ.

Шавҳар мегӯяд:

— Ман ҳам ҳеҷ чиз туҳфа намекунам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *