себ

Канзи шифо: Себ — меваи зидди пиршавӣ

Бешубҳа, себ меваи хеле солим аст. Умуман, меваҳои дар мавсим парваришшуда барои истеъмол хуб ҳастанд. Себ 80 % об ва 20 % аз нахҳо, карбогидратҳо ва кислотаҳои органикӣ иборат аст.

Себ дорои пектин, полисахариди табиӣ мебошад, ки онро диетологҳо тавсия медиҳанд. Як себи миёна тақрибан ба 12 фоиз аз талаботи ҳаррӯзаи нах (клетчатка)-и шумо баробар аст. Себ дорои витаминҳои В, С ва К мебошад, ки барои кори ҳамоҳангшудаи системаи асаб ва гардиши хун, иммунитети қавӣ ва энергия заруранд. Витамини С як антиоксиданти пурқуввати зидди пиршавӣ ҳисобида мешавад. Инчунин, дар он калий, магний, калтсий, синк ва хлор ҳаст. Ҳамаи ин элементҳо барои солимии системаи дилу рагҳо таъсир мерасонанд ва ба системаи иммунӣ кумак мекунанд.

Себ дар байни онҳое, ки маҳдудиятҳои парҳезӣ ё детоксро афзалтар медонанд, маъмул аст. Баъзеҳо боварӣ доранд, ки себ пеш аз хоб гуруснагиро коҳиш медиҳад ва шумо ором хоб мекунед, вале таҷриба нишон медиҳад, ки себ баръакс, иштиҳоовар аст.

Агар ба тавсияҳои умумии диетологҳо муроҷиат намоем, беҳтар аст, ки хӯроки охиринро 3-4 соат пеш аз хоб ба нақша гирем. Яъне беҳтарин стратегия «на сер ва на гурусна» хобидан аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *