Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Худораҳматӣ 

Пиразане аз наберааш пурсид:

— Калон шавӣ, кӣ мешавӣ?

Наберааш тўтивор ҷавоб дод:

— Аввал апа мешавам, баъд арўс мешавам, баъд модар мешавам, баъд момо мешавам.

Пиразан ба ваҷд омада, боз пурсид:

— Боз кӣ мешавӣ?

Наберааш забон хоида, ҷавоб дод:

— Баъд… Баъд худораҳматӣ.

Лотерея 

Донишҷў дар кашидани билет дудила шуда монд. Устод гуфт:

— Натарсида кашидан гир, имтиҳон ҳам чун лотерея аст.

Донишҷў гуфт:

— Набошад, ман билет нею якбора баҳо кашида гирам-чӣ?

Ман онам 

Яке аз дигаре пурсид, ки:

— Арақ хуб аст ё коняк?

Дигарӣ гуфт:

— Ман онам, ки ҳукм бар ғайб накунам.

Аввалӣ гуфт: — Ман онам, ки тине берун аз ҷайб накунам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *