Аз таҳти дил бихандед!
Худораҳматӣ
Пиразане аз наберааш пурсид:
– Калон шавӣ, кӣ мешавӣ?
Наберааш тўтивор ҷавоб дод:
– Аввал апа мешавам, баъд арўс мешавам, баъд модар мешавам, баъд момо мешавам.
Пиразан ба ваҷд омада, боз пурсид:
– Боз кӣ мешавӣ?
Наберааш забон хоида, ҷавоб дод:
– Баъд… Баъд худораҳматӣ.
Лотерея
Донишҷў дар кашидани билет дудила шуда монд. Устод гуфт:
– Натарсида кашидан гир, имтиҳон ҳам чун лотерея аст.
Донишҷў гуфт:
– Набошад, ман билет нею якбора баҳо кашида гирам-чӣ?
Ман онам
Яке аз дигаре пурсид, ки:
– Арақ хуб аст ё коняк?
Дигарӣ гуфт:
– Ман онам, ки ҳукм бар ғайб накунам.
Аввалӣ гуфт: – Ман онам, ки тине берун аз ҷайб накунам.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ