Аз таҳти дил бихандед!
Оббозӣ
Шавҳар аз занаш мепурсад:
— Занак, барои чӣ телефонатро намебардорӣ?
Зан дар ҷавоб:
— Ман дар ҳаммом оббозӣ мекардам.
Шавҳар:
— Ваҳ, бе либос?
Зан мегӯяд:
— Не, мисли Ипполит бо палтоям!
Пойафзол
Марде ба бозор рафта, ба фурӯшандаи пойафзол мегӯяд:
— Шумо барои духтарчаи синфи 3 пойафзол доред?
Фурӯшанда мепурсад:
— Аниқтар гуфта метавонед?
Мард мегӯяд:
— Синфи 3-юми “А”…
Одат
Падар бо духтарчаи хурдсолаш бозӣ мекунад. Баъди чанд муддат духтар падарро тела дода, мегӯяд:
— Тамом, бас, сарам ба дард омад!
Шавҳар ба занаш нигоҳ карда, мепурсад:
— Шумо аз кӯдакӣ чунин ҳастед?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ