Аз таҳти дил бихандед!
Оббозӣ
Шавҳар аз занаш мепурсад:
– Занак, барои чӣ телефонатро намебардорӣ?
Зан дар ҷавоб:
– Ман дар ҳаммом оббозӣ мекардам.
Шавҳар:
– Ваҳ, бе либос?
Зан мегӯяд:
– Не, мисли Ипполит бо палтоям!
Пойафзол
Марде ба бозор рафта, ба фурӯшандаи пойафзол мегӯяд:
– Шумо барои духтарчаи синфи 3 пойафзол доред?
Фурӯшанда мепурсад:
– Аниқтар гуфта метавонед?
Мард мегӯяд:
– Синфи 3-юми “А”…
Одат
Падар бо духтарчаи хурдсолаш бозӣ мекунад. Баъди чанд муддат духтар падарро тела дода, мегӯяд:
– Тамом, бас, сарам ба дард омад!
Шавҳар ба занаш нигоҳ карда, мепурсад:
– Шумо аз кӯдакӣ чунин ҳастед?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ