Латифа

Аз таҳти дил бихандед!

Чангкашак

Марде ба занаш аз ҷои кор занг зада, мегӯяд, ки агар дар хона бошад, барои исботи гуфтааш чангкашакро даргиронад, то садояшро шунавад. Мард садои чангкашакро шунида, телефонашро хомӯш мекунад. Чунин ҳолат чанд рӯз такрор меёбад. Рӯзе мард бо сабабе аз кор барвақттар баргашта, мебинад, ки занаш дар хона нест. Аз писараш мепурсад:

— Модарат канӣ?

Писарбача мегӯяд:

— Модарам чанд рӯз боз чангкашакро мегираду ба куҷое меравад.

Мусиқии шӯх

Марде аз роҳ ҷузвдонеро пайдо намуда, ба радио занг зада, мегӯяд:

— Ассалому алайкум! Ман имрӯз аз бозор ҷузвдонеро пайдо кардам, ки дарунаш 200 доллар, 1200 сомонӣ ва шиноснома дорад. Аз шумо — кормандони радио, хоҳиш мекунам, барои соҳиби ҷузвдон як мусиқии шӯх монед.

Нигоҳи пулчинак

Зане ба хонааш ғамгин меояд. Шавҳараш аз ӯ мепурсад:

— Ҳа, занак, чаро ғамгин ҳастӣ?

Зан мегӯяд:

— Имрӯз дар мусофирбар пулчинак тавре ба ман нигоҳ кард, ки гӯё ман роҳкироро надода бошам.

Шавҳар:

— Баъд ту чӣ кор кардӣ?

Зан:

— Ман ҳам тавре ба ӯ нигаристам, ки гӯё роҳпулиро дода бошам.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *