Ҳоҷӣ Мирзо

Эътикоф чист? Суол ба руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо

Марде, ки дар масҷиди панҷвақта ба эътикоф (гӯшанишин) нишастааст, метавонад барои хондани намози ҷумъа ба масҷиди ҷомеъ равад?

Акбари АСКАР, ноҳияи Айнӣ

Посух:

Дар даҳ рӯзи охири Рамазон дар масҷид эътикоф нишастан суннат аст. Касе эътикоф бишинад, барояш беҳуда аз масҷид баромадан ҷоиз нест. Танҳо барои қазои ҳоҷат, вузӯ, ғусл ва хондани намози ҷумъа дар масҷиди ҷомеъ метавонад аз масҷиди маҳалла берун барояд. Баробари тамом шудани намоз бояд ба масҷиди худаш баргардад. Агар дар масҷиди ҷумъа баъди намоз таваққуф кард, эътикофаш фосид мешавад.

Камтарин муддати эътикоф нишастан аз назари Имоми Аъзам (р) як рӯз аст ва дар даҳаи охири Рамазон як рӯз ҳам дар масҷид истодан эътикоф ҳисоб меёбад.

Ҳангоми эътикоф нишастан, шахс метавонад дар масҷид ғизо хӯрад (шому саҳархӯрӣ) ва бихобад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *