Аз таҳти дил бихандед!
Туҳфа
Мард аз зани дӯстдоштааш мепурсад:
— Ба ту чӣ туҳфа кунам?
Зан дар ҷавоб:
— Намедонам, ба ман ҳар гуна пулҳо маъқул аст.
Бентли
Мард ба маҳбубааш мегӯяд:
— Ман бояд як чизро ба ту иқрор шавам.
Зан мепурсад:
— Тинҷӣ аст?
Мард мегӯяд:
— Ман зану се фарзанд дорам…
Зан дар ҷавоб:
— Уф, хайрияте… Ман фикр кардам, ки Бентли аз худат нест.
Масофаи иҷтимоӣ
Дар толори суд аз судшаванда мепурсанд:
— Судшаванда, шумо ба гардан гирифтан намехоҳед, ки аз кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мегурехтед?
Судшаванда мегӯяд:
— Не, рафиқ судя, ман танҳо масофаи иҷтимоиро риоя мекардаму халос.
Фишор
Карим ба Раҳим мегӯяд:
— Биё имрӯз ба сауна меравем.
Раҳим дар ҷавоб:
— Ба ман мумкин нест…
Карим мепурсад:
— Фишор ё занат?
Раҳим мегӯяд:
— Фишор аз ҷониби занам.
Нусхабардорӣ
Хушдоман аз келин мепурсад:
— Барои чӣ набераам ба писари ман монанд нест?
Келин мегӯяд:
— Хола, мебахшед, ман асбоби нусхабардорӣ надорам.
Туҳфа
Ҷарроҳи ҷавонро баъди ду маротиба ҷарроҳии бебарор карданаш мудири шуъба даъват карда, мепурсад:
— Гӯш кун, Аброров, ту дипломро харидаӣ чӣ?
Ҷарроҳ дар ҷавоб мегӯяд:
— Хафа мекунед, духтур, барои чӣ дипломро мехаридаам? Онро ба ман дар зодрӯзам туҳфа карданд!
Тухм
Зан аз шавҳараш мепурсад:
— Мардак, ин мурғҳои ҳамсоя дигар ба ҳавлиямон наомада истодаанд ку!
Шавҳар дар ҷавоб:
— Сабабашро донистан мехоҳӣ? Ман шабона дар даруни полезамон бист дона тухмро гузошта, саҳарӣ дар назди чашми ҳамсояҳо ҳамаашро ҷамъ кардам!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ