толеънома

Толеъномаи 21-уми августи соли 2022

Ҳамал (21 март-20 апрел)

Дар ин рӯз танқиди шахси дӯстдошта ба дилатон чун ханҷар мехалад. Беҳуда ба қаҳр наоед, шумо худ низ моҳи беайб нестед. Эҳтимол нафарони воломақом дар корҳоятон кумаки худро мерасонанд. Ба ҳар коре ки даст мезанед, аз шумо чандон қувваи зиёдро талаб намекунанд.

Савр (21 апрел-22 май)

Дар масъалаҳои оилавӣ мушкилиҳои ҷиддӣ сар мезананд. Агар танбалӣ накарда, ба ғалатҳои пешинаатон диққат диҳед, мушкилоти зиёдеро паси сар мекунед. Ҳангоми ҳисобу китоби пул бодиққат бошед. Ҳар як қадами худро дониста гузоред, зудбовар нашавед.

Ҷавзо (23 май-21 июн)

Дар ин рӯз шуғли наву ҷолиб пайдо мекунед. Дар ҷодаи муҳаббат бояд ақли солимро пеша намоед. Дар хотир доред, ки имкони ҳаёти худро бо шахси дилпур пайвастанро доред. Бегоҳирӯзӣ омадани меҳмонҳоро интизор бошед. Рашку хафагӣ имкон дорад.

Саратон (22 июн-22 июл)

Дар ин рӯз на танҳо бо наздикон, балки бо ҳамсояву шиносҳоятон баҳсу мунозира имкон дорад. Саратонҳое, ки бо тиҷорат машғуланд, бояд роҳҳои нави пешравиро ҷӯё шаванд. Баъди нисфирӯзӣ ба табъи нохуш дода нашавед, вагарна хобатон мепарад.

Асад (23 июл-23 август)

Имрӯз тамоми нақшаҳоятонро амалӣ месозед. Ҳар нафаре, ки бароятон азиз аст, хотирашро шод намоед. Дар оила нофаҳмӣ рух медиҳад, вазъиятро дӯсти наздикатон рафъ месозад. Ба ҳама чиз бо шубҳа нанигаред. Мулоимтар бошед, он гоҳ атрофиён низ бо шумо меҳрубон мегарданд.

Сунбула (24 август-23 сентябр)

Дар ин рӯз агар имкон дошта бошед, бештар истироҳат кунед. Барои харид кардану ба бозор рафтан рӯзи мусоид бошад ҳам, дар ин рӯз асаби худро хароб накунед. Ба бемории хурӯҷнамуда бедиққатӣ зоҳир накунед, беҳтараш сари вақт аз паси табобат шавед.

Мизон (24 сентябр-23 октябр)

Бо рақибон мубориза сар мешавад. Танҳо суҳбати рӯ ба рӯ вазъиятро ба фоидаи шумо ҳал мекунад. Фикре, ки рӯзона ба саратон меояд, метавонад маблағатонро дучанд гардонад. Андешаи худро ба касе нагуфта, мустақилона амал намоед. Барои оромии асаб истироҳат карданатон лозим аст.

Ақраб (24 октябр-22 ноябр)

Дар ин рӯз яке аз дӯстонатон бо амали беақлонаи худ шуморо меранҷонад. Асабонияту қаҳру ғазаби худро нигоҳ доштан душвор мешавад. Нафарони оиладор бо ҳамсари худ муноқиша карданашон имкон дорад. Бегоҳирӯзӣ ба ҷое рафтанро маслиҳат намедиҳем.

Қавс (23 ноябр-21 декабр)

Хабарҳои аз роҳи дур расида аз субҳи содиқ табъатонро болида мегардонанд. Дар масъалаи чӣ гуна зиёд сохтани маблағҳоятон бо хости дили худ амал намоед. Нафарони муҷаррад бегоҳирӯзӣ аз ҷониби нафаре, ки чанд моҳ дар оташи ишқаш месӯхтанд, пайғоми хуш мешунаванд.

Ҷаддӣ (22 декабр-20 январ)

Дар ин рӯз мушкили зиёде ба саратон меояд. Дар хона аз рӯйи фарзандон муноқиша мекунед. Ба ҳаёти шахсии дигарон бинӣ нахалонед, вагарна тамоми гуноҳро ба сари шумо бар мекунанд. Маблағи дар даст доштаро сарф накунед. Гум шудани иштиҳо аз таъсири асабоният аст.

Далв (21 январ-20 феврал)

Ба мушкилиҳое, ки имрӯз садди роҳатон мегарданд, диққат надиҳед. Рӯзҳои наздик бе иштироки шумо низ ин мушкилиҳо рафъ мегарданд. Шахсе, ки аз шумо қарздор буд, пулро бармегардонад. Нисбати дӯстдоштаатон ғамхор бошеду ба қаҳру ғазаб дода нашавед.

Ҳут (21 феврал-20 март)

Аксари мушкилиҳоро дар ин рӯз бо кумаки дӯсти наздикатон рафъ месозед. Дар танҳоӣ коре аз дастатон намеояд. Нисбати саломатии худ бодиққат бошед, зеро дардҳои дерина хурӯҷ мекунанд. Барои аз даст надодани ёратон, мулоимгуфтору меҳрубон бошед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *