Аз таҳти дил бихандед!
Нигоҳи пулчинак
Зане ба хонааш ғамгин меояд. Шавҳараш аз ӯ мепурсад:
— Ҳа, занак, чаро ғамгин ҳастӣ?
Зан мегӯяд:
— Имрӯз дар мусофирбар пулчинак тавре ба ман нигоҳ кард, ки гӯё ман роҳкироро надода бошам.
Шавҳар:
— Баъд ту чӣ кор кардӣ?
Зан:
— Ман ҳам тавре ба ӯ нигаристам, ки гӯё роҳпулиро дода бошам.
Таваккал
Муаллим ба донишҷӯе, ки ба ягон савол ҷавоб дода наметавонад, мегӯяд:
— Гӯш кун, се маротиба аст, ки туро аз санҷиш мегардонам. Барои чӣ намеомӯзӣ? Аз савод омӯхтан то ҳол касе намурдааст!
— Ман медонам муаллим, аммо таваккал кардан чӣ лозим?
Дуроҳа
Нозири БДА бандагиро ба ҷо меорад. Дар гӯр барои ба дӯзах ё биҳишт равон карданаш фариштаҳои дасти чапу рост баҳс мекунанд.
— Ӯ одами бад буд, ҳама умр пора мегирифт, арақ мехӯрд… ба дӯзах!, -мегӯяд фариштаи дасти чап.
— Не, ӯ одами нағз буд. Одамонро аз хатар раҳо мекард, ба ҳама ёрӣ медод… ба биҳишт!,- мегӯяд фариштаи дасти рост.
Ин дам худи нозир мегӯяд:
— Бачаҳо, шумо баҳс накунед… маро дар дуроҳа гузоред!
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ