Ҳоҷӣ Мирзо

Кафорати рӯза. Суол ба руҳонии шинохта Ҳоҷӣ Мирзо

Агар одам дар моҳи Рамазон се рӯз бе узр рӯзаашро хӯрад, ҳатман 6 моҳ рӯзаи кафорат гирифтанаш лозим меояд?

АСЛАМ, шаҳри Панҷакент

Посух:

Аллома Қозӣ Саноуллоҳ дар китоби «Мо лобуда минҳу» чунин овардааст: «Агар дар як Рамазон рӯзаи чандрӯзаро фосид кунад, дар сурате, ки барои рӯзи аввал ё дуюм кафорат надода бошад, барои ҳамаи рӯзҳо як кафорат кофист. Агар кафорат аз ду Рамазон лозим бошад, кафорати ҳар Рамазонро ҷудогона мепардозед».

Ба саволатон ҷавоб чунин аст, ки шахси чанд рӯзи Рамазонро хӯрда, бояд 60 мискинро таъом диҳад ё пайи ҳам ду моҳ рӯза дорад. Ин кафорат аст. Илова бар ин, бояд 3 рӯз рӯзаи қазоӣ дорад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *