Бастеру Шоҳ

«Пароканда»-и Basster ва Shoh нашр шуд

Basster ва Shoh, муаллифони рэпҳои машҳур ва сершунавандаи ду соли охир рэпи якҷояи худро бо номи «Пароканда» нашр карданд.

«Пароканда» дар худ чунин мисраъҳоро дорад:

Пароканда кардӣ ту, паром канда шуд,

Лабҳом ханда надид, нашудӣ ҳамдарам.

Сарамро хам карданӣ назди ҳама душману дӯст,

Рӯзатро шаб кардӣ, рафтӣ, дилам танг шуд.

Рэпи «Пароканда» дар ютубканали «Basster» нашр шуда, дар чанд соати аввал зиёда аз 50 ҳазор маротиба аз ҷониби корбарони шабакаи иҷтимоӣ шунида шуд. Албатта, ин шумораи кам нест, вале агар масъулони дигар саҳифаҳои “Ютуб” онро нусхабардорӣ карда, нашр накунанд, яқинан зиёд мегардад.

Бадбахтии сегменти тоҷикии “Ютуб” ҳоло ҳамин ҳамин аст, ки ҳуқуқи муаллифии бачаҳои эҷодкор поймол мегардад. Як моҳу ду моҳ болои як рэп кор мекунанд, вале дуздҳои “Ютуб” онро дар чанд сония дуздида, дар саҳифаҳояшон нашр мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *