Нисбати довар Константин парванда боз шуд

— Ассотсиатсияи футболи Англия (FA) нисбати довар Константин Ҳадзидакис, ки ҳимоятгари тими “Ливерпул” Эндрю Робертсонро зад, тафтишот оғоз кард,- хабар медиҳад “The ​​Athletic” бо такя ба изҳороти “PGMOL”, созмони масъули таъини доварони футболи Англия.

«PGMOL” Константин Ҳадзидакисро барои бозиҳо дар мусобиқае, ки он назорат мекунад, дар ҳоле таъин намекунад, ки FA ин ҳодисаро таҳқиқ мекунад.

Пас аз нимаи аввали бозии даври 30-юми чемпионати Англия миёни дастаҳои “Ливерпул” ва “Арсенал” (2:2), ки рӯзи якшанбе баргузор шуд, Робертсон ба Ҳадзидакис наздик шуда, бо ӯ дар бораи чизе суҳбат кард, аммо гӯё миёни онҳо нофаҳмӣ пайдо шуда, даст ба рӯи шотландӣ задааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *