КҲФ: Боришот то 12-уми апрел идома меёбад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи шаҳрвандии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо такя ба маълумоти Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки дар ноҳияҳои куҳиву наздикуҳии тобеи ҷумҳурӣ, Хатлон, Суғд ва ғарби ВМКБ то 12-уми апрел боришот идома хоҳад кард.

— Дар мавзеи дарёҳои Ёхсу, Қизилсу ва дарёҳои қаторкуҳҳои Ҳисор хатари баланд шудани сатҳи об, резиши санг, ярч ва фаромадани сел аз эҳтимол дур нест,- ҳушдор медиҳад кумитаи мазкур.

Ҳамчунин кумита аз шаҳрвандон бо эҳтиром хоҳиш мекунад, ки “аз рафтан ба соҳили рӯдхонаҳо, моҳидорӣ ва шикор худдорӣ карда, ба саҳрову дашт, доманакуҳҳо барои ғунучини ҳезуму гиёҳони шифобахш нараванд ва сари вақт ҷӯйборҳо ва селроҳаҳоро аз ҳар гуна хасу хасрӯбаҳо пок кунанд, то ба гузари сел монеъ эҷод нашавад”.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *