Садамаи нақлиётӣ дар роҳи Душанбе-Хуҷанд. Як нафар ба ҳалокат расид

Рӯзи 10-уми апрел дар роҳи Душанбе-Хуҷанд аз самти Варзоб ба Душанбе як садамаи нақлиётӣ рух дод. Дар ин бора маркази матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Тибқи иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел-Вектра», Ниёзов Пулод ҳангоми ҳаракат кардан тариқи роҳи Душанбе-Хуҷанд аз самти ноҳияи Варзоб ба шаҳри Душанбе бо сабабҳои номаълум аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёти худ набаромада, ба дарахти канори роҳ бармехӯрад.

Дар натиҷа ронанда ва се мусофири автомобил, ки ҳама сокинони ноҳияи Ёвон будаанд, ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Мусофири 65-солаи дигар бо гирифтани ҷароҳати вазнин дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат мерасад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *