Ҳамкориҳои байни Тоҷикистону Чин дар парлумон матраҳ шуд

Имрӯз таҳти раёсати муовини раиси МН МО ҶТ Қодири Қосим перомуни мавзуи «Эъломияи муштарак дар бораи принсипҳои асосии муносибатҳои байни Ҷумҳурии Мардумии Чин ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун асоси ташаккул ва рушди заминаи сиёсӣ ва ҳуқуқии муносибатҳои дуҷониба» мизи мудаввар баргузор шуд.

Дар ҷаласа роҳбарияти ниҳодҳои марбута иштирок намуданд.

Зимни баромад Қодири Қосим таъкид кард, ки “кишвари Чин яке аз шарикони асосии стратегии Тоҷикистон буда, ҳамкориҳои дуҷониба бо он сол то сол устувортар мегардад. Эъломия дар бораи Принсипҳои асосии равобити Тоҷикистону Чин, ки заминаи тамоми ҳамкориҳост, 9-уми марти соли 1993 ба тасвиб расида буд. Ин ҷаласа бо мақсади амиқтар кардани муносибатҳои дуҷониба байни мақомоти қонунгузории ду давлат баргузор гардидааст”.

Дар назди иштирокдорони мизи мудаввар ҳамчунин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон Ҷи Шумин, раиси Гурӯҳи дӯстӣ ва ҳамкории байни МН МО ҶТ ва Анҷумани умумиҷаҳонии Чин Рустам Латифзода, ректори Институти Конфутсий Лю Сзянвэй, намояндаи Палатаи савдои корхонаҳои Чин дар Тоҷикистон, директори генералии Корпоратсияи «Синогидро» Ван Чжи баромад намуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *